Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУСАЭЛЯН Александр Аркадевич

МУСАЭЛЯН Александр Аркадевич

personМУСАЭЛЯН Александр Аркадевич (таваллуд 26. 6. 1926, Грозний), оли-ми советӣ дар соҳаи геологияи инженерӣ. Доктори илмҳои геологияю минералогия (1969), директори Филиали осиёи-миёнагии Институти тадқиқоти илмии асос ва иншооти зеризаминии ба номи Н. М. Герсеванов (аз 1974). Баъди хатми Университети Давлатии Тоҷикистон (1953) дар Институти лоиҳакашии «Тоҷикпроект» (1953— 61) дар вазифаҳои гуногун (инженер, сардори отряд ва партияи геологӣ, саргеолог) кор кардааст. Соли 1961 Мусаэлян сардори сектори механикаи замин ва сейсмологияи инженерии Институти сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон таъин шуд. Солҳои 1959—63 дар аспирантура ғоибона таҳсил карда, дар мавзӯи «Заминҳои таҳшинандаи ноҳияи Душанбе ҳамчун асоси иншооти гражданӣ» диссертасияи номзадӣ (1963) ва сонитар дар мавзӯи «Бинокорӣ дар заминҳои таҳшинанда (суст)-и но-ҳияҳои сейсмикии Осиёи Миёна» диссертасияи докторӣ (1969) ҳимоя кардааст. Мусаэлян дар ноҳиябандии сейсмикии марказҳои саноатии республика (шаҳрҳои Душанбе, Ленинобод, Норак, Турсунзода, Ёвон) иштирок дошт, ки дар асоси онҳо планҳои генералии шаҳрҳои мазкур тартиб дода шудаанд. Тадқиқоти ӯ масъалаҳои геологияи инженерӣ, механикаи замин ва сейсмологияи ннженериро дар бар мегиранд. Беш аз 70 номгӯй мақолаҳои илмии Мусаэлян дар нашрияҳои советӣ ва хориҷӣ ба табъ расидаанд. Ӯ аъзои совети илмию техникии Вазорати сохтмон ва Госстрой Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон аъзои советӣ ихтисосманҳои доир ба ҳимояи диссертасияи докторӣ дар назди Институти асос ва иншооти зеризаминии Госстрой Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, аъзои совети ихтисосмандон доир ба ҳимояи диссертасияи номзадӣ дар назди Институти геологияи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон, аъзои Ассосиасияи байналхалқии геологияи инженерӣ ва аъзои Комитети байналхалқӣ оид ба механикаи Замин ва пойдевор мебошад. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …