Маълумоти охирин

МУСАДДАС

musaddasМУСАДДАС (арабӣ — шашгона, шаштоӣ), 1) навъе аз санъатҳои лафзии шеъри форс-тоҷик. Шаш мисраъ ё шаш байтест, ки агар онҳоро ба шаш порчаи тараннумӣ ё шаш рукн ҷудо карда, дар порчаи тараннумӣ ё дар шаш хонаи баробарпаҳлӯ навишта, аз чап ба рост ва аз боло ба поён хонанд, маънию шакл ва вазни мисраъҳо ё байто тағйир намеёбанд. 2) Яке аз шаклҳои мусаммат, ки ҳар бандаш аз шаш мисраъ иборат буда, ду тарзи қофиябандӣ дорад: а) аааааа, боббба, ввввва… б) аааааг, бббббг, внвввг. Қофияи мисраи ша­шуми ҳар банд робитаи маъноию мантиқии ҳамаи бандҳои Мусаддасро таъ- мип менамояд. Мусаддас барои оҳанг бастану сароидан аз шаклҳои хеле му- носиби шеърӣ мебошад. Эҷодкори Мусаддас Манучеҳрии Домғонист. Дар асрҳои 11—12 Масъуди Саъди Салмон, Абдулвосеи Ҷабалӣ ва дигар низ Мусаддасҳои дилчасп сурудаанд. Мусаддаси тазминӣ ҳам мешавад. Шоир ягон ғазали машҳури шоиреро гирифта, ба ҳар байти он аз худ чаҳор мисраъ илова карда, ба ин восита дар байти ғазалро ба банди шашмисраӣ табдил медиҳад, ки ин амалро мусаддасбандӣ гуфта ва инчунин Мусаддасро тазминӣ меноманд. Аввалин намудн классикии Мусаддаси тазминиро Алишери Навоӣ бар ғазали машҳури Абдурраҳмони Ҷомӣ дар радифи «кошкӣ* эҷод кардааст. Садриддин Айнӣ низ ба муносибати вафоти яке аз фарзандони Садри Зиё ба яке аз бандҳои марсияи машҳури таркиббанди ба марги фарзандаш Сафиуддин бах- шидаи Абдурраҳмони Ҷомй Мусаддас бастааст. Мусаддас дар адабиёти советии тоҷик маъмул нагардидааст.

С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …