Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУРЗАКОБА

МУРЗАКОБА

mikrolitМУРЗАКОБА, Мурзаккоба, мағораи давраи мезолит дар Қрим, наздикии Севастопол. Соли 1936 олимони советӣ С. Н. Бибихов ва Е. В. Жиров кашф намуданд. Микролитҳо, устухони ҳайвонҳои намуди ҳозира, садафи бисёре, инчунин қаб­ри мезолитии дунафараи (мардҳо ва занҳо) кроманониҳо ёфт шудаанд; ҷасадҳо рост рӯ ба боло дар чуқурӣ гӯронида шудаанд. Буғуми охири ангуштони занҳо дар вақти барҳаёт буданаш бурида шудааст (одати маюбкунӣ).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …