Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУРУДИ ХИРСАК

МУРУДИ ХИРСАК

murudi-hirsakМУРУДИ ХИРСАК, хирсакмуруд (Pyrus regelii), дарахтест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш 1,5— 6 метр (диаметри танааш то 60 сантиметр),

Муруди хирсак:      1 — шохчаи гул; 2 — мева. пӯстлохаш ашҳабӣ, сиёҳтоб, баргаш 3—9-ҳиссагӣ (дарозиву бараш 7—8 сантиметр), хӯшагулаш в—19-гула, гулаш сафеди 3— 10-гулбарга, мевааш (6 гула) мудаввар, хеле сахт, талху турш. Апрел гулу август— сентябр мева мекунад. Танҳо дар Осиёи Миёна (Помиру Олой ва Тиёншон) месабзад. Дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Қурама, Зарафшон ва кӯҳи Муғул (Мевагул) паҳн шудааст. Одатан дар нишебиҳои санглохи арчазор ва бодомзор (700—2200 метр аз соҳили баҳр) мерӯяд. Да­рахти гармибардор буда, нишебиҳои санглоху региро мустаҳкам карда, хокро аз эрозия нигоҳ медорад. Ба Муруди хирсак навъҳои нокро пайванд мекунанд. Мевааш бадсифат ва адамия­ти истеҳсоливу истеъмолӣ надорад.

Адабиёт: Дикие плодовые Таджикистава, Ленинград, 1964; Флора Таджикской Союза Советских Сотсиалистических Республик. том 4, Ленинград, 1975; Запрягаева В. И., лесные ресурсы Памиро-Алая, Ленинград, 1976.

А. А. Ашуров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …