Маълумоти охирин

МУРШИД

murshidМУРШИД (арабӣ*~ иршодкунанда, роҳнамо, пир), дар тасаввуф шахсеро гӯянд, ки ба туфайли риёзати бадан, зикри бардавом (хафй ё ҷаҳрӣ), самоу ғизо, сайру сулук, муҷоҳидаю мушоҳида, зӯҳду тақво ва ваҷду ирфон ба дараҷаи шайхӣ ё мартабаи қутбӣ расида, дар ҷараёни тариқат муридонро роҳбарӣ ме­намояд. Баъзе Муршидҳо сарвари силсилаҳои тасаввуф ё асосгузори он мебошанд. Муршидҳоро вобаста ба мазмуну мундариҷа ва тарзи фаъолияташон ба ду гурӯҳ — назариётчӣ ва амалиётчӣ тақсим кардан мумкин аст. Муршидони назариётчӣ дар таҳаввул, ташаккул ва такомули асосҳои илмии тасаввуф мавқеъ доштанд (Боязиди Бистомй, Мансури Ҳаллоҷ, Наҷмуддини Кубро, Алии Ҳамадонӣ ва дигар). Баъзе Муршидҳо бо нуктаҳои прогрессивӣ ва озодаадеши худ (шатҳиёти Боязиди Бисто­мӣ, аналҳақи Мансури Ҳаллоҷ, ваҳдати вуҷуди Абдурраҳмони Ҷомӣ ва амсоли он) ба инкишофи таърихи афкори фалсафии форс-тоҷик саҳми бузург гузоштаанд. Дар айни замон баъзе Муршидҳои иртиҷоъпараст аз мавқеи худ истифода бурда, дар натиҷаи истисмори муридон ва андухтани молу амвол ба мулкдорони калон табдил ёфтанд.

Адабиёт: Б е р т е л ь с Е. Э., Суфизм и су­фийская литература, Москва, 1957.

M. Султонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …