Маълумоти охирин

МУРРЕЙ

daryoi-murreyМУРРЕЙ, Марри (Murray), дарёи калонтарини Австралия. Тӯлаш 2570 километр (аз сарҳади дарёи Дарлинг—3750 километр). Масоҳати ҳавзааш 1160 ҳазор километр1. Аз кӯҳҳои Алпи Австралия оғоз ёфта, ба уқёнуси Ҳинд мерезад. Қисми зиёдаш аз ҳамвориҳои хушки камбориш, ки ноҳияи муҳимтарини хоҷагии қишлоқи Австралия мебошад, мегузарад, Шохобҳои асосиаш:            Маррамбиҷи ва Дарлинг (аз рост}. Манбааш барфу борон. Баҳору тобистон (дар мавсими боронгарӣ) Муррей пуроб ва зимистон хеле камоб мегардад. Сарфи миёнан солонаи об 470 метр/сония; аз дарё соле ба ҳисоби миёна 14,8 километр об ҷорӣ мешавад. Аз резишгоҳ то шаҳри Олбери киштиҳои хурд мегарданд. Оби Муррей барои обёрӣ истифода мешавад. Дар Муррей ва шохобҳои он обанбор (Илдон, Хюм, кули Викто­рия ва ғайра) в а ГЭС-ҳо сохта шудаанд. Моҳигирӣ ва дар обанборҳои дарё моҳипарварӣ тараққӣ кардааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …