Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУРООТУННАЗИР

МУРООТУННАЗИР

navoМУРООТУННАЗИР (арабӣ — риоят кардан қарияи чизеро), м у- рооти назир, навъе аз санъатҳои бадеии маънавӣ, яке аз намудҳои ташбеф, ки бештар ба истиорла наздик аст. Дар Муроотунназир калимаву ибораҳои шеър мазмунан бо ҳамдигар муносибати куллӣ дошта, зикри яке дигареро тақозо менамояд. Масалан, агар дар як байт дарё зикр ёбад, ҳатман чанде аз калимаҳои ба он наздики «қаър», «дурр», «садаф, «марҷон», “ғаввос», «киштӣ», «мавҷ» низ оварда мешаванд. Чунончӣ, дар ин байти Саъдӣ («Нашояд тахту тоҷу ганҷу дайдим, Намонад гавҳару л а ъ л у з а р у сим), калимаҳои ҷудокардашуда Муроотунназир мебошанд, зеро байни худ муносибати том доранд ва дар тақвияти ҳамдигар омадаанд. Дар санъати Муроотунназир ва танҳо робитаи маъноии калимаҳо (номи унсурҳо, ашё, гулҳо, меваҳо, ситораҳо ва ғайра), балки муносибати шаклию маъноии ташбеҳу истиора низ зарур аст. Намунаи барҷастаи риояти томи ташбеҳкунандаю ташбеҳшавандаро дар ин рубоии Рудакӣ мебинем:

Рӯят — дарён ҳусну лаълат — марҷон, Зулфат — анбар, садаф — даҳан,

дурр — дандон.

Абрӯ — киштию чини пешонӣ — мавҷ, Гирдоби бало — ғабғабу чашмат — тӯфон.

Муроотунназирро баъзан таносуб, тавфиқ (мувофиқат), эътилоф (бо якдигap пайвастан) ва т а л ф и қ (бо ҳам овардан) низ мегӯянд.

С. Имронов

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …