Маълумоти охирин

МУРОМ

muromМУРОМ, шаҳрест дар вилояти Владимири Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия, маркази pайони Муром. Лангаргоҳи соҳилд чапи дарёи Ока. Узели роҳи оҳан. Аҳолиаш 114 ҳазор нафар (1979). Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ (тепловозу электровозҳо, яхдони «Ока»), радиотехника (радиола, радиоприёмникҳои автомобил, асбобҳои мусиқии электрӣ), чубгарӣ (комбинати фанер) ва ғайра. Дар Муром филиали Институти умумииттифоқии ғоибонаи мошинсозӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва педагогӣ, музеи кишваршивосӣ, Хона-музеи ёдгории академики санъа­ти рассомӣ И. С. Куликов мавҷуданд. Едгориҳои меъмории асрҳои 16—19 боқӣ мондаанд. Муром аз асри 9 маълум аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …