Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРОФИАИ МАХСУС

МУРОФИАИ МАХСУС

murofiai-mahsusМУРОФИАИ МАХСУС, дар муро­фиаи граждании совета яке аз на- мудҳои мурофиа дар суди инстансияи якум. Дар Мурофиаи махсус корҳоеро мебинанд, ки бар хилофи даъво кардан ва корҳое, ки аз муносибатҳои маъ­мурию ҳуқуқӣ бармеоянд, ҳуқуқан баҳснопазиранд. Macалан, дар бораи ғай- ри қобили амал ё ба андозаи маҳдуд қобили амал донистани граж­данин; дар бораи бедарак ғоибшуда ҳисоб кардани гражданҳо ва дар бо­раи вафот ёфта эълон намудани гражданҳо; дар бораи муқаррар кар­дани нодурустии қайдҳо дар дафтарҳои актҳои ҳолати гражданӣ; дар бораи муқаррар кардани фактҳои дорои аҳамияти юридикӣ, ба шарте, ки тартиби дигари муайян кар­дани онҳо пешбинӣ нашуда бошад; дар бораи барқаpop кардани ҳуқуқ ба ҳуҷҷатҳои гумшудаи манзуркунанда; дар бораи аз нав барқарор кардани корҳои гумшуда оид ба мурофиаи судӣ ва иҷрои он; дар бораи муқаррар намудани нодурустии навиштаҷот дар қайди ҳолати гражда­нӣ, инчунин шикоятҳо аз амалиёти нотариусҳо ва ғайра. Суд кори Мурофиаи махсусро аз рӯи аризаи шахс ё ташкилоти манфиатдор cap мекунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …