Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУРОФИАИ ГРАЖДАНӢ

МУРОФИАИ ГРАЖДАНӢ

murofiai-grajdaniМУРОФИАИ ГРАЖДАНӢ, мувофиқи нормаҳои ҳуқуқи просессуал- лии гражданӣ тартиби муҳокима ва ҳалли корҳои гражданӣ дар суд, инчунин тартиби иҷрои қарорҳои суд ва як қатор органҳои дигар. Мурофиаи гражданӣ тартиби кори суд, иҷрочӣ, ҳайати мурофиа, муносибатҳои юридикӣ ва ғайраро, ки ба татбиқи адолати судӣ хосанд, дар бар мегирад. Мурофиаи гражданӣ аз марҳилаҳои алоҳида иборат буда, суд дар ин муддат вазифаҳои муайянро (даъво, тайёр кардани кор барои мурофиаи суд ва ғайра) анҷом медиҳад. Қонунгузории Мурофиаи гражданӣ инчунин тартиби  дида баромадани корҳои баҳснокеро, ки ба муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ ва колхозӣ, маъмурию ҳуқуқӣ, мурофиаи махсус ва ғайра дахл доранд, низ муай­ян мекунад. Мурофиаи гражданӣ сохти ҷамъиятӣ ва давлатии Иттифоқи Республикаҳои Совети Сотсиалистӣ СССР — ҳуқукҳои сиёсӣ, шахсӣ, молумулкӣ ва манфиатҳои қонунин граждандо, муассисаҳо, корхонаҳои давлатӣ, колхозҳо ва дигар ташкилотҳои кооперативию ҷамъиятиро ҳимоя менамояд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …