Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРОФИАИ ДРЕЙФУС

МУРОФИАИ ДРЕЙФУС

murofiai-dreyfusМУРОФИАИ ДРЕЙФУС, мурофи­аи судии офисери Штаби генералии Франсия, яҳудӣ Алфред Дрейфус (1859—1935), ки соли 1894 ҳарбиёни реаксионии Франсия ӯро ҳамчун ҷосуси Германия ноҳақ айбдор кар­да буданд. Мурофиаи Дрейфус мавриди муборизаи тезутунди сиёсии байни блоки ҳар­биёни монархистию аристократӣ, клерикалҳо ва демократҳои буржуазӣ гардид. Вазорати ҳарбӣ Дрейфусро айбдор ва суди ҳарбӣ ба набудани далелҳо нигоҳ накарда, декабри 1894 ба каторгаи якумра маҳкум намуд. Дертар маълумотҳои нав ёфт шуданд, ки онҳо бегуноҳ буда­ни Дрейфусро исбот менамуданд, вале гурӯҳҳои ҳукмрон ба сафедкунии ӯ муқобил баромаданд. 9 сентябри 1899 суди ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои Мурофиаи Дрейфусро аз нав дида баромада, Дрейфусро гунаҳгор донист. Реаксия Мурофиаи Дрейфусро барои афрӯхтани оташи антисеми­тизм ва шовинизм, мубориза ба муқобили озодиҳои демократӣ истифода бурд. Коргарони пешқадам, со­тсиалистон, зиёиёни прогрессивӣ ба­рои ҳимояи республика ва сафед кардани Дрейфус бархостанд. Дар кори авҷгирии ҳаракати қувваҳои демократӣ мактуби Э. Золя ба пре­зидент Ф. Фор («Ман гунаҳгор мекунам», 13 январи 1898) роли калон бозид. Қувваҳои прогрессивӣ ва пеш аз ҳама синфи коргари ба ҳимояи республика бархоста кӯшиши қувваҳои реаксиониро, ки мехостанд дар мамлакат табаддулоти давлатӣ гузаронанд, барбод дод. Президенти республика 19 сентябри1899 бо тавсияи ҳукумат Дрейфусро афв намуд. Ию­ли 1906 пурра сафед карда шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …