Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУРОФИА

МУРОФИА

murofiaМУРОФИА, м у р о ф а а, (арабӣ даъво, додхоҳӣ), тартиби дидани корҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР тартиби Мурофиаи ҷиноятиро Асосҳои мурофиаи ҷиноятӣ (1958), Кодекси Меҳнати Ҷумҳурии республикаҳои иттифоқӣ, Мурофиаи гражданиро Асосҳои мурофиаи гражданӣ (1961), КМГ-и республи­каҳои иттифоқӣ муайян кардаанд. Маҷмӯи нормаҳои Мурофиаи ҷиноятии советӣ ба зуд ва пурра ошкор кардани ҷиноятҳо, фош намудани гунаҳкорон ва таъмини татбиқи дурусти қонун нигаронида шудааст, то ки ҳар як шахсе, ки ҷиноят содир кардааст, ҷазои аъмоли худро бинад, шахси бегуноҳ ба ҷавобгарии ҷино- ятӣ кашида нашавад ва маҳкум нагардад. Мурофиа бояд ба мустаҳкам гарди- дани қонунияти сотсиалистӣ, пешгирӣ ва решакан кардани ҷиноят, тарбия кардани меҳнаткашон дар рӯҳи бе каму кост ба ҷо овардани қонунҳои советӣ ва эҳтироми қоидаҳои ҳаёти ҷамъияти сотсиалистӣ ёрй ра­сонад. Мурофиаи гражданӣ зуд дидан ва дуруст ҳал кардани корҳои гражданиро таъмин менамояд. Мақсади он муҳофизати сохти ҷамъиятӣ, систе­маи хоҷагии сотсиалистӣ ва моликияти сотсиалистӣ, муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои қонунии гражданҳо, корхонаҳои давлатӣ, муассисаҳо, колхозҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошад. Асоси принсипҳои Мурофиа: қонуният; татбиқи адолати судӣ фақат аз тарафи суд; ошкоро будани мурофиаи суд; баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа; шифоҳӣ, бевосита, муттасил будани мурофи­аи судӣ ва ғайра мебошанд. Қонунгузо­рии Мурофиа принсипҳои асосии аз тара­фи органҳои судӣ, тафтишоти _ва ҷустуҷӯӣ дидани корҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни мурофиа судӣ, тартиби ба далелҳо баҳодиҳӣ, татбиқи чораҳои эҳтиётӣ, тартиби баровардани ҳукм, муайян ё ҳал кардани қарори суд, эътироз ва такроран дидан, инчунин тарзи иҷрои онҳоро ба тартиб меандозад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …