Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРОДОВ Латиф

МУРОДОВ Латиф

personМУРОДОВ Латиф (1913, деҳаи Маҳрами райони Конибодом — 1973, Ҳисор), ташкилотчии сохти колхозӣ дар Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1957), Аълочии маорифи халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1945).        Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Слветӣ КПСС аз соли 1941. Солҳои 1929—30 таълимгирандаи кур­си таълимии Хуҷанд, 1931—35 муаллим (райони Ашт), 1936—37 студент Институти 2-солаи муаллимтайёркунии Тошкент, 1933— 40 муаллими омӯзишгоҳи педагогии занонаи ш. Сталинобод. 1941—44 ди­ректори мактаб, 1945—46 котиби ко­митет партиявӣ, 1947—48 мудири шуъбаи хоҷагии районӣ, 1949—73 раиси колхози «Съезди 22-юми пар- тия»-и райони Ҳисор буд. Муродов дар инкишофи пахтакории район саҳми арзанда гузоштааст. Депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъватҳои 6, 7). Бо ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 15 медал (10 медали тилло, нуқра ва биринҷии НКХХ СССР) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …