Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУРОДОВ Ҷӯрабек

МУРОДОВ Ҷӯрабек

churabek-murodovМУРОДОВ Ҷӯрабек (таваллуд 24. 12. 1942, деҳаи Куруди райони Аинӣ, вилояти Ленинобод), ҳофиз ва оҳангсози со­ветии тоҷик (сопранои лирикӣ). Яке аз сарояндагони намоёни сурудҳои классикӣ ва халқии тоҷикӣ. Артисти Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1979). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ аз соли 1967. Тобишҳои оҳанг, ҷиҳатҳои хоси овоз ва нозукуҳои сурудҳои классикиро аз мероси мадании  Ҳоҷӣ Абдулазиз ва сабақҳои Боймуҳаммад Ниёзов  омӯхтааст. Соли 1962  Институти давлатии  педагогии Ленинободро хатм карда, 1962-63 дар

институти мазкур ҳамчун ассистент ка­федраи педагогика ва методикаи мактабхои ибтидоӣ кор кард. Аз соли 1963 солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Қобилияти санъаткорӣ ва истеъдоди сарояндагии ӯ аз ҳамон вақт зохир шуда, тадриҷан сайқал меёбад ва мукаммалу баланд мегардад. Репертуари Муродов бой ва гуногунранг буда, асоси онро сурудҳои лирикӣ-гражданӣ, халқӣ, классикӣ, инчунин сурудҳои халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (русӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, гурҷӣ, арманӣ, қирғизӣ ва ғайра), як қатор мамлакатҳои Шарқи хориҷӣ (афғонӣ, эронӣ, арабӣ ва ғайра) ташкил медиҳанд. Мавзӯи сурудҳои Муродов асосан васфи ватан, модар, зебоиҳои табиат, ишқу муҳаббат, ҷавонӣ, панду ахлоқ, ғаму шодиҳои ҳаётро дар бар гирифта, саршори оҳангҳои ҳаётдӯстона ме- бошанд. Дар байни онҳо силсилаи сурудҳо дар асоси ашъори Мирзо Тур- сунзода («Ватан», «Дили модар», «Нонреза», «Оҳанрабо», «Ошёни ба­ланд» ва ғайра), «Хуш набошад», «Дидори ёр» (Ҳофизи Шерозӣ), «Рамзе шунав» (Ҷалолуддини Румӣ), «Гули садбарг», «Илтиҷо» (Боқӣ Рахимзода), «Ту гул не» (А. Шукӯҳӣ), инчунин «Ушшоқ», «Савти мискин», «Гиря», «Қӯшчинор», «Муноҷот» (аз «Шашмақом») ва ғайра машҳуранд. Муродов оҳангсози навовар ва соҳибистеъдод бу­да, бештар аз сад суруди дилчасп офаридааст (аксари онҳо ба нота даромадаанд), ки дар онҳо анъанаи бои санъати мусиқии классикӣ, хал- қӣ ва муосир хеле моҳирона истифода шудаанд. Овозаш форам буда.

назокати шеър ва хусусиятои савтии онро вобаста ба мазмуну мундариҷа тақвият медиҳад. Муродов силсилаи нави сурудҳоеро таҳия намуд, ки таронаҳои Шариф Ҷӯраевро ба хотир меоваранд ва чун ҷавобия ё назираанд ба эҷодиёти ин ҳофизи номдори халқи тоҷик. Муродов оҳангҳои қа­димаро ба таври нав тафсир дода, баъзе ҷидатҳои онро боз ҳам такмил медиҳад. «Сюитаи тӯёна»-и Муродов, ки дар асоси фолклори муосир эҷод шудааст, ганҷинаи санъати халқиро ҳам аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва ҳам аз ҷиҳати мусиқавият бойтар намуд. Муродов на танҳо аз санъаткорони гузаштаю имрӯзаи тоҷик, балки аа ҳофизони машҳури халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистии СССР ва хориҷӣ низ пайваста меомӯзад. Яке аз сабабҳои ба оммаи васен халқҳои гуногун писанд омадани суруду оҳангҳои ӯ ҳам дар ҳамин аст. Муродов бо програмаҳои консертӣ ба бисёр мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Канада, Белгия, Сурия, Ироқ, Япония сафар кардааст. Иштирокчии даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва ва республикаҳои бародарии Иттифоқи Советӣ. Аъзои комиссияи тафтишотии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон (аз 1981). Вакили съездҳои 17—18 ВЛКСМ. Лау­реати Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон (1975). Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатноки ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Сове­ти Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Асос: Сурудҳои Ҷӯрабек Муродов, Душанбе, 1982.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …