Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУРОДИИ БУХОРОӢ

МУРОДИИ БУХОРОӢ

personМУРОДИИ БУХОРОӢ  Абулҳусайн Муҳаммад ибнии Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 10 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро. Бино ба гуфтаи Саолибӣ («Ятимат-уд-даҳр») Муродии Бухорои дар замо­ни салтанати Сомониён зиставу эҷод карда, шӯҳрати зиёде ёфтааст. Муродии Бухорои яке аз ҳамсӯҳбатони устод Рӯдакӣ буда, пеш аз ӯ вафот карда­аст. Рудакӣ дар ин бора бо матлаи зерин марсияе навиштааст:

Мурд Муродӣ, на хамоно, ки мурд,

Марги чунин хоҷа на корест хурд…

Муродии Бухороӣ аз шоирони соҳибдевон буда, ба арабӣ низ шеър месурудааст, ва­ле аз ашъори арабиаш 27 байт ва аз форсӣ тоҷикиаш 2 байт маҳфуз мондааст.

Адабиёт: М и р з о е в А., Абу Абдулло Рӯ­дакӣ, Сталинобод, 1958; Ашъори хамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958.

Н. Қаҳҳорова.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …