Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРОҶИАТНОМА БА ХАМАИ МЕҲНАТКАШОНИ МУСУЛМОНИ РОССИЯ ВА ШАРҚ

МУРОҶИАТНОМА БА ХАМАИ МЕҲНАТКАШОНИ МУСУЛМОНИ РОССИЯ ВА ШАРҚ

murojiatnoma«МУРОҶИАТНОМА БА ХАМАИ МЕҲНАТКАШОНИ МУСУЛМОНИ РОССИЯ ВА ШАРҚ», ки 20 ноябри 1917 Совети Комиссарони Халқ Республикаи Советии Рос­сия зълон кардааст. Совети Комиссарони Халқ дар ин «Муроҷиатнома» сиёсати озодихоҳона ва сулҳҷӯёнаи худро баён намуда, халқҳои мазлумро даъват кард, ки Револютсияи  сотсиалистии Россияро дастгирӣ кунанд. Дар «Муроҷиатнома» аз зулму ситами Россияи подшоҳӣ озод будани муассисаҳои миллӣ ва маданӣ, урфу одат ва эътиқодҳои динии мусулмонон ва ба онҳо дахолат накардан эълон карда шуда, ба сохтмони ҳаёти озоду комилҳуқуқии он­ҳо (ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ) замонат дода мешуд. Ба ҳамин, дар муносибати байни халқҳои Мамлакати Советӣ сиёсати ба куллӣ нав — сиёсати комилҳуқуқии халқҳо ҷорӣ гардида, ба империа­лизми байналхалқӣ ва мустамликадорӣ зарбаи қатъӣ зада шуд. Ба «Муроҷиатнома» Владимир Илич Ленин имзо кардааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …