Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МУРМАНСК

МУРМАНСК

murmanskМУРМАНСК, шаҳр, маркази вилояти Мурмански Республикаи Советии Федеоативии Сотсиалистии Россия. Дар соҳили халиҷи Колаи баҳри Баренс воқеъ гаштааст, Бандари Мурманск ях намебандад. Стансияи роҳи оҳан. Адолиаш 381 ҳазор нафар. (1979). Мурманск маркази калони моҳигирӣ ва кор- карди моҳӣ. Корхонаҳои муҳими саноатиаш: иттиҳодияи «Судоверфь!, устохонаҳои таъмири киштӣ, комбинати хонасозӣ, фабрикаҳои мебел ва дӯзандагй. Флотҳои тралӣ, шикори шӯрмоҳӣ ва қабули нақлиёт мавҷудавд. Институти тадқиқоти илмии қутбшиносӣ ва лоиҳакашии хоҷагии моҳигирии баҳрӣ ва уқёнуснигории ба номи Н. М. Книпович, омӯзишгоҳи олии инженерии баҳрӣ, институти педагогӣ, омӯзишгоҳҳои педагогӣ, баҳрнавардӣ, тиббӣ, мусиқӣ, театри драмаи вилоятӣ, театри лӯхтак, музеи ҳарбию баҳрӣ дорад. Мурманск 21 сентябр 1916 ба муносибати дар халиҷи Кола сохта шудани бандар ва роҳи оҳан Мурманск бунёд ёфт. Шаҳр бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (1971).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …