Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МУРМАНСК

МУРМАНСК

murmansk2МУРМАНСК, вилоятест дар ҳайатити Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. 28 май 1938 ташкил шу­дааст. Дар Ғарб бо Норвегияю Фин­ляндия ҳамсарҳад аст. Масоҳати 144,9 ҳазор километр2. Аҳолиаш 987 ҳазор нафар. (1979), асосан русҳо (85%), аҳолии асли саамҳо, комиҳо, карелҳо. За­чии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр2 —6,8 нафар. 89% аҳолӣ дар шаҳрҳо истиқомат дорад. Вилоят ба 5 райони маъмурӣ тақсим шуда, 11 шаҳр ва 24 посёлкаи типпи шаҳр дорад. Шаҳрҳои калон: Мур­манск, Апатиты, Кировск, Монче­горск, Кандалакша, Североморск. Марказаш — шаҳри Мурманск. Вилоят соли 1966 бо ордени Ленин мукофото­нида шудааст.

Мурманск дар шимоли ғарби Қисми европоии  Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР воқеъ буда, нимҷазираи Ко­ла ва қитъаҳои ба он ҳамҳудуди материкро дар бар мегирад. Мурманскроро баҳрҳои Баренс ва Сафед иҳота кардаанд. Релефаш ноҳамвор. Дар қисми ғарбии нимҷазираи массивҳои кӯҳӣ: Хибин, тундраи Ловозеро (баландиаш то 1120 метр), дар қисми маркази қатортеппаи Кейва (баландиаш то 397 метр) воқеъ аст. Сарватҳои зеризаминӣ: апатит, маъдани никелу мис ва оҳан, варақсанг, алюминий, титан ва ғайра. Иқлимаш хунуки мӯътадил, ки он натиҷаи таъсири ҷараёни гарми Нордкап мебошад. Ҳарорати миё­наи январ аз — то —11° Селсия, июл аз 8° то 11° Селсия. Микдори боришоти соло­на 300—400 миллиметр. Дарёҳои калон: Поной, Варзуга, Тулома, Иоканга. Кӯлҳояш — Имандра, Умбозеро, Ло­возеро ва ғайра.

Соҳаҳои асосии саноат: моҳидорӣ, химия, коркарди металл, чубу тах­та, саноати металлургияи ранга ва сиёҳ. Дар дарёҳои Паз, Нива, Ковда, Тулома, Вороня як қатор ГЭС-ҳо бунёд шудаанд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР аввалин стансияи электрии маддӣ дар Мурманск сохта шудааст. Стансияи электрии атомии Кола соли 1973 ба истифода дода шуд. Калонтарин стансияи электрии олавии Мурманск

ГРЭС-и Киров мебошад. Маъдани апатиту нефелин дар Хибин истихроҷ ва дар иттиҳодияи «Апатит» тоза карда мешавад. Мис, никел ва кобалт дар Печенга, Мончегорск, маъдани оҳан дар Оленогорск, Ковдор истихроҷу гудохта мешаванд. Ғайр аз мусковит флогопит, верми­кулит, пегматит ва ғайра низ истихроҷ мешаванд. Кислотаи сулфат низ истеҳсол мекунанд. Дар Кандалакша заводи алюминий ҳаст. Саноати моҳигирӣ тақрибан нисфи маҳсулоти умумии саноати Мурманск ва зиёда аз 20% мақсулоти моҳии мамлакатро истеҳсол мекунад. Бештар равғанмоҳӣ, гулмоҳӣ, шӯртан ва ғайра шикор карда ме­шавад. Таъмири киштиҳо, истеҳсоли таҷҳизоти шикори моҳӣ бо саноати моҳигирӣ алоқаманд аст. Саноати чубу тахта аз заводҳои чӯббури, фабрикаҳои мебелу зарф (Кандалакша, Мур­манск, Умба, Полярные Зори, Зеле­ноборский) иборат аст; корхонаҳои масолеҳи бинокорӣ, конструксияҳои оҳану бетонӣ, хишт, оҳак ва ғайра истеҳсол мекунанд.

Соҳаи асосии хоҷагии қишлоқ чорводорист, ки он зиёда аз 90% маҳсулоти уму­мии хоҷагии қишоқи Мурманскро медиҳад. Чорвои ширдеҳ, хуку мурғ парвариш карда мешавад. Гавазнпарварӣ соҳаи муҳим мебошад. Мурманск дар ибтидои соли 1977 24,1 ҳазор cap гов, 45,5 ҳазор хук, 3,5 ҳазор бузу гӯсфанд, 1412,8 ҳазор мурғ, 65,2 ҳазор гавазни хоҷагӣ дошт. Кар- тошкапарварию сабзавоткорӣ тараққӣ кардааст. Дар наздикии шаҳрҳои калон гармхонаҳо сохта шудааст. Тӯли роҳи оҳан 903 километр (1973). Роҳҳои калон: Петрозаводск — Кандалакша — Мурманск. Нақлиёти баҳрӣ роли муҳим мебозад. Бандари асосӣ — Мур­манск.

Соли таҳсили 1979/80 дар Мурманск 221 мактаби маълумоти умумӣ, 20 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, 8 мактаби миёнаи махсус, Омӯзишгоҳи олии инженерони баҳрӣ, институти педагогӣ (Мурманск), 2 факултети шабонаи Институти кӯқкории Ленинград буд. Фили­але дар Кола будаи Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистии СССР ба номи С. М. Киров бо панҷ институти тадқиқоти илмӣ дар Апатити ҷойгир аст.

Пармачоҳи тадқиқотии геологии ҷуқуртарин.  Дар ҷаҳон, ки охири соли 1981 умқи он аз 10 километр афзуд, маҳз дар нимҷазираи Кола воқеъ аст. Ба ту- файли пармачоҳи зикршуда дар тадқиқ ва таҳқиқи қишри Замин чандин кашфиётҳои калон ба амал оварда шуд.

Боғи ботаникии қутбию алпии Мурманск боғи шимолтарини дунёст. Соли 1975 Мурманск 248 китобхонаи оммавӣ, 2 музей, аз ҷумла Хона-музеи С. М. Киров (дар Кировск), 2 театр, 115 муассисаи табобатӣ дошт, ки дар онҳо 4,1 ҳазор духтур кор мекард (ба 229 нафар аҳолӣ 1 духтур рост меомад). Санаторияи Мурмаши дар Мурманск воқест.

Газетаҳои вилоятӣ  «Полярная пра­вда» (аз 1920) ва «Комсомолес За­поляря» (аз соли 1926) нашр меша­ванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …