Маълумоти охирин

Мӯрияк

Деҳаест дар Совети қишлоқ Росровути pайони Ғончӣ, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «Қалъаи Дӯст». Аз Мӯрияк то маркази Совети қишлоқ 8 км, то район 49 км; роҳ  асфалтпӯш. Аҳолиаш 690 нафар (1981), тоҷикон. Пункти тиббӣ до­рад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғалла- корию чорводорӣ. Заминҳо аз оби сои Росровут обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …