Маълумоти охирин

МУРИД

muridМУРИД (арабӣ—иродатманд, хоҳон, толиб), шахсест, ки ба пир, муршид ва шайх дасти иродат дода, тариқати тасаввуфро ихтиёр кардааст. Мувофиқи таълимоти тасаввуф Мурид танҳо шахсе шуда метавонист, ки беиродагии худро дар назди пири тариқат бо рафтору кирдори худ ба куллӣ собит намояд. Ба қавли худи сӯфиён Мурид дар назди муршид мисли майит (ҷасади беҷон) дар дасти ғассол (мурдашӯй) аст.

Агар Мурид қоидаҳои сайру сулукро қатъиян риоя намуда, зинаҳои та­саввуф: шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқатро комилан тай намояд, ба васли ҳақ (худо) муяссар гардида, ба мартабаи шайхӣ ё муршидӣ мерасад. Зуҳури ҳодисаи мазкур дар таърихи афкори фалсафӣ ва мазҳабии халқи тоҷик ифодаи як навъ эътироз буд ба муқобили поймолшавии қадру қимат ва ҳуқуқи инсон дар шароити тираи асримиёнагӣ. Принсипҳои асосии Мурид гаштанро истисморгарон ва ҳомиёни дин барои дар мутеию асорат нигод доштани оммаи меҳнаткашон истифода бурдаанд.

Адабиёт: Бертелс Е. Э. Суфизм и су­фийская литература, Москва, 1965.

М. Султонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …