Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРҒОБИҲО

МУРҒОБИҲО

murgobiМУРҒОБИҲО (Anatidae), як оилаи паррандаҳои обиро гӯянд, ки ба қатори қозшаклҳо мансубанд. Дарозии танаашон 29—150 сантиметр. Панҷа- ҳои пояшон бо парда пайваст шудаанд. Парҳояшон зичи сафед, ҷигарӣ, бӯр ва сиёҳ аст. Аксари Мурғобиҳо хеле хуб парвоз карда ва ба об ғута за­да метавонанд. Ба Мурғобиҳо қу, қоз, мур­ғобӣ ва казарка мансубанд. 147 намуди Мурғобиҳо (аз 43 ҷинс) дар ҳама ҷо зиндагӣ мекунанд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 58 намудашоя, аз ҷумла 8 намуди ғайримуқимӣ (аз 15 ҷинс) ва дар Тоҷикистон қариб 15 намуди Мурғобиҳо (масалан, рози кӯҳӣ, мурғобй ва ғайра) дучор мешаванд. Мурғобиҳо дар замин, харсангҳо, ковокиҳои дарахт лона сохта, 2—16 тухми якранг (сафед, сабача ё зардча) мегузоранд. Хӯрокашон растанӣ ва хайвонҳои обии бемӯҳра мебо- шанд.

Адабиёт: Абдусалямов И. А.. Фау­на Таджикской Советской Социалистической Республики, том 19, ҷилди 1., Птицы, Душанбе. 1971.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …