Маълумоти охирин

МУРҒОБ

murgabМУРҒОБ, дарёест дар Помир (Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ), шохоби чапи дарёи Бартанг. Аз территорияи Афғонистон (37 километр) бо но- ми Оқсу cap шуда, баъди ҳамроҳ шудани дарёи Оқбайтали Ҷанубӣ номи Мурғобро мегирад. Тӯлаш 187 километр, бо дарёи Оқсу 439 километр; масоҳати ҳавзааш якҷоя бо дарёҳои Бартанг ва Оқсу 24 700 километр2. Мурғоб аа водиҳои байни қаторқӯҳҳои Али­чури Шимолӣ, Пшарт ва Музқӯл ҷорй шуда, райони Мурғобро аэ Шарқ ба Ғарб бурида мегузарад. Моҳи феврали 1911 дар натиҷаи афтодани кӯҳпорае пеши Мурғоб банд шуда, кӯли Сарез ба вуҷуд омад. Манбаи Мурғоб пиряху барф. Давраи пуробиаш июн — август. Сарфи миёнаи оби Мурғоб якҷоя бо Оқсу тобистон то 126 метр3/сония, зимистон 5—6 метр3/сония. Декабр— феврал ях мебандад. Шохобҳои калонаш аз рост — Пшарти Ғарбӣ, Оқбайтали Ҷанубӣ; аз чап — Оқҷилға, Бозордара, Элису, Қаросу, Сулуистиқ, Катта-Марҷанай. Аз гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ бой аст. Дарё дар наздикии посёлкаи Мурғоб ГЭС дорад.     В. Xyдoиев.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …