Маълумоти охирин

МУРҒОБ

murghabtjМУРҒОБ, посёлка, маркази маъмурии Совети қишлоқ ва районӣ Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Дар сбҳили рости дарёи Мурғоб, дар ба­ландии 3600 метр аз соҳили баҳр воқеъ гаштааст. Маркази совхози чорводории «Мурғоб». Аҳолиаш 4022 нафар. (1981), тоҷикон ва қирғизҳо. Аз Мурғоб то Хоруғ 324 километр, то Душанбе 851 километр, то стансияи роҳи оҳани Ӯш 416 километр. Аэропорт дорад. Аз Мурғоб роди калони Ӯш — Хоруғ мегу­зарад. Дар посёлка стансияи электрии обӣ, комбинати хизмати маишӣ, шӯъбаи алоқа, мактаби миёна, мактаби мусиқӣ, хонаи пионерон, клуб, китобхона, касалхона, пункти тиббӣ ва ғайра мавҷуданд. Сокинонӣ Мурғоб асосан бо ғажгов ва бузу гӯсфандпарварӣ машғуланд. То ғалабаи Револютсияи Октябр Мурғоб ҷои дидбонии сарҳадчиён ва то солҳои 30 деҳаи хурди камаҳолӣ буд. Аз 27 октябр 1932 инҷониб — маркази район. Дар наздикии Мурғоб (дар баландии 38609метр аз соҳили баҳр) Стансияи биологии Ин­ститути биологияи Помири Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон воқеъ аст, ки он набототи баландкӯҳро тадқиқ менамояд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …