Маълумоти охирин

МУРҒОБ

murgab-3МУРҒОБ, райони маъмурӣ дар Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон.  Санаи таъсисаш 27 октябр 1932. Масоҳаташ 38,44 ҳазор километр2.

Аҳолиаш 10,2 ҳазор нафар. (1981), асо­сан қирғизҳо. Зичии аҳолӣ дар 1 километр2 0,27 нафар. Масофа аз маркази район то шаҳри Хоруғ 324 километр, то шаҳри Душанбе (ба воситаи Хоруғ) 851 километр ва то стансияи роҳи оҳан наздиктарин (Уш) 416 километр. Район ба 5 Совети  қишлоқ тақсим шу­дааст: Мурғоб, Аличур, Рангкул, Қарокӯл, Қизилработ. Марказаш — по­сёлкаи Мурғоб.

Территорияи район, ки тамоми Помири Шарқиро дар бар гирифтааст, баландтарии кӯҳсори Иттифоқи Советӣ ба шумор меравад. Релефи онро асосан қаторкӯҳҳои баланд ва водию пастхамиҳои фарох ташкил медиҳанд. Баландии мутлақи кӯҳҳо ба ҳисоби миёна 4000—6000 метр, водию пастхамиҳо — 3500—4000 метр. Аз сабаби кам будани баландии нисбии кӯҳҳо (1000—1500 метр аз сатҳи водиҳо) релефи Помири Шарқӣ намуди пуштакӯҳро дорад. Қаторкӯҳҳои асосӣ: дар Шимол— Белавли (5790 метр, қ. Фру­нзе), Танимаси Шимолӣ ва Зулумарт (5000—6000 метр), дар қисми марказӣ — Музқӯл (6233 метр, қишлоқи Офисерони Советӣ) ва дар Ҷануб— Аличури Шимолӣ (5880 метр, қишлоқ Бозортеппа), Аличури Ҷанубӣ (то 5558 метр). Территорияи районро аз Шимоли Ғарб ва Шимол қаторкӯҳҳои Академияи Фанҳо ва Паси Олой аз Шарқ қаторкӯҳи Сариқӯл ва аз Ҷануб қаторкӯҳи Вахон иҳота кардаанд. Калонтарин пастхамиҳо — Қарокӯл, Ранг­кӯл; водиҳо — Мурғоб, Аличур. Кӯҳҳои баланд бо пиряхҳо ва барфҳои бисёрсола пӯшида шудаанд. Мурғоб аз сарватҳои зеризаминӣ бой буда, конҳои ангишт, маъданҳои оҳан, поли­металл, волфрам, қалъагӣ, флюорит, сангҳои қиматбаҳо (топаз, турма­лин, сфен, рутил, скаполит, амазонит), намаки ош ва ғайра дорад. Дар территорияи район дарё, кӯл ва чашмаҳои минералӣ бисёранд. Дарёҳои асо­сӣ: Оқсу ва Мурғоб, Аличур, По­мир, Кӯкуйбелсу, Баландкиик ва Савуқсой, ки ҳамаи онҳо ба ҳавзаи дарёи Аму мансубанд. Кӯлҳои калонтарин: Қарокӯл, Рангкӯл, Шӯркул, Сарез, Яшилкӯл, Зоркӯл. Иқлими Мурғоб биёбонии баландкӯҳӣ ва ниҳоят конти­нент Тобистонаш хунук, кӯтоҳ ва хушк буда, зимистонаш қаҳратуни камбарф ва дароз аст. Ҳарорати миё­наи солона аз —5 то —7° Селсия. Дар по­сёлкаи Мурғоб ҳарорати миёнаи июл 13° Селсия, январ —19,6° Селсия. Боришоти со­лона 70—120 миллиметр. Замини баъзе во­дии дарё ва наздикии кӯлҳоро яхбандии доимӣ фаро гирифтааст; зуд- зуд шамолҳои сахт мевазанд. Хоки заминҳои район асосан даштию биёбонӣ ва биёбонии баландкӯҳист. Дар соҳилҳои дарё ва кӯлҳо хокҳои марғзорию ботлоқӣ, торфию ботлоқӣ ва баъзан шӯрзаминҳо дида мешаванд. Баландии мутлақи беинтиҳо, иқлими хунуки қариб арктикӣ, миқдори ками боришот боиси ба вуҷуд омадани ландшафти биёбонии баландкӯҳӣ ва набототи махсус гардидаанд. Дар ин ҷо дарахт намерӯяд. Дар нишебиҳои кӯҳҳо ва суфаҳои қадимии дарёҳо хори болиштак, нимбуттачаҳои терескен, акантолимон ва баъзе алафҳои бисёр­сола (ғеша, явшон ва ғайра) мерӯянд. Дар соҳили кӯлӯ дарёҳо марғзорҳои сералаф ҳастанд, ки онҳо чаро- гоҳи асосӣ ба шумор мераванд. Ола­ми ҳайвоноти район чандон бой нест. Дар кӯҳҳои баланд архар (гӯсфанди кӯҳӣ), нахчир, дар водиҳо суғури думдароз, заргӯш, савсор, рӯбоҳ зиндагӣ мекунанд. Аз паррандагон мурғи ҳилол, саҷаи тибетӣ, лошахӯр, мурғи ҳумо (ғаҷир) вомехӯранд. Тобистон дар кӯлҳо мурғо- бии сурх, қози ҳиндӣ, моҳихӯракҳо пайдо мешаванд.

Асоси иқтисодиёти район чорводорист (ғажгов ва бузу гӯсфанд- парварӣ). Соли 1981 дар район 5 совхози чорводор буд: «Мурғоб», «Ленин жо- лу», «Булункӯл», «Қизил чегарачӣ» ва совхози ба номи С. М. Киров. Сар- шумори чорво дар ин хоҷагиҳо (1. 1. 82, ба ҳисоби cap): ғажгов — 10360, бузу гӯсфанд — 52354. Район соли 1981 ба давлат 1987 тонна гӯшт, 138 тонна шир, 1198 сентнер пашм фурӯхт.

Дар маркази район стансияи электрии обӣ ва комбинати хизмати маишӣ ҳаст.

Соли хоншпи 1981/82 дар М. 7 мактаби миёна, 2 мактаби даштсола ва 1 мактаби ибтидой буд, ки дар ондо 2823 наф. хонанда тадсил кар­да, 227 наф. муаллимон таълим ме- доданд. М. инчунин 12 китобхона,

16 клуб ва 2 хона и мадаейят дорад.

Дар 2 касалхона, 1 поликлиника, 19 пунхти тиббӣ. 1 дорухона ва 1 стансияи санитарию эпидемиологии район 14 нафар духтурони маълумоти олидор ва 54 нафар коркунони дорои маълу­моти махсуси тиббӣ хизмат меку- нанд.

Аз ҳудуди Мурғоб роҳи автомобилгарди Уш — Хоруғ мегузарад. Газетаи районӣ «Мурғаб коммунистӣ» (аз 1938 нашр мешавад).

Ғ. Факиров, О. Ғоибназаров.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …