Маълумоти охирин

МУРҒОБ

murgab-2МУРҒОБ, дарёест дар Афғонистон ва Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон). Тӯлаш 978 километр, масоҳати ҳавзааш 46 900километр2. Аз кӯҳҳои Паропамиз (Афғонистон) cap шуда, қад-қади водии танге, ки дар байни қаторкӯдҳҳои Банди Туркис­тон ва Сафедкӯҳ воқеъ гаштааст, ҷорӣ мешавад. Дар территорияи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР во­дии дарё васеъ шуда, баъди ба биёбони Қароқум расидан тамоман хушк мешавад. Дар Мурғоб 6 обанбор сохта шудааст. Болотар аз шаҳри Марӣ ба Мурғоб оби канали Қароқум мерезад. Манбаи дарё барфу борон ва оби чашмаҳо. Давраи пуробиаш март — май. Сарфи миёнаи об дар назди посёлкаи Тахтабозор (486 километр боло­тар аз резишгоҳ) 52 метр/сония. Шохобҳояш аз рост — Обиқайсар, аз чап— Кошон ва Кушка. Оби Мурғоб барои обёрӣ васеъ истифода мешавад. Дар соҳилҳои Мурғоб шарҳҳои Йӯлатан, Марӣ ва Байрамалӣ воқеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …