Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРҒИҲО

МУРҒИҲО

murgihoМУРҒИҲО (Galliformes), як қато­ри паррандаҳоро гӯянд. Дарозии та- нашон аз 12 то 235 сантиметр, вазнашов аз 45 грамм (бедонаи пакана) то 22,5 килограмм (мурғи марҷони хонагӣ) мебошад. Мурғиҳо нӯли кӯтоҳ, пойҳои бақувват, бо­ли паҳн ва парҳои зич доранд. Дар аксари онҳо диморфизми ҷинсӣ (фарқияти наринаю модина) инкишоф ёфтааст. Ранги Мурғиҳои нарина нисбат ба ранги Мурғиҳои модина равшантар мебошад. Мурғиҳо ба 2 зерқатор тақсим мешаванд: гоасинҳо (фақат 1 намудро дар бар мегиранд- Opisthocomus hoatzin) ва мурғҳо (240 намуди мурғҳои ҳозира ва қариб 100 намуди мурғҳои ҳафриётро дар бар мегиранд). Зерқатори мурғҳо ба 6 оила ҷудо мешаванд: мурғи куланг, краксҳо (гокко), тазapв, тигав, мурғи султонӣ ва мур­ғи марҷон. Мурғиҳо қариб дар ҳама ҷо (ғайp аз Антарктика), аз тундра то бешаҳои тропикӣ зиндагӣ мекунанд. Бештари Мурғиҳо паррандаҳои полигам буда, нарина дар тарбияи насл иштирок намекунад. Мурғиҳо дар замину да­рахт лона сохта, аз 2 то 20 дона тухм мегузоранд. Дар 14—30 шаборӯз аз тухм чӯҷа мебарояд. Ғизои чӯҷаҳо кирму ҳашарот ва ғизои паррандаҳои ба воя расида ғалладона, муғча, ғуҷуммева ва ғайра мебошанд.

Ҳамаи Мурғиҳо (ғайр аз гоасин) аҳамияти саноатӣ доранд. Баъзе Мурғиҳо (тазарв, кабк, кабки дарӣ ва ғайра)-ро дар хоҷагиҳои шикорӣ парвариш меку­нанд. Мурғ, мурғи марҷон ва мурғи султонӣ ром карда шудаанд.

Тасвир дар саҳифаи 577—578.

Адабиёт: Жизнь животных, том 5, Москва, 1970.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …