Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРҒИ СУЛТОНӢ

МУРҒИ СУЛТОНӢ

murgi-sultoniМУРҒИ СУЛТОНӢ, сесарка (Numididae), оилаи паррандаҳои мурғмонанд. Дарозии баданаш 30— 75 сантиметр, калонҷусса, пойҳояш бақув- ват, cap ва қисми гарданаш бепар, параш сиёҳ ё хокистарранги чипор. 4 ҷинс ва 7 намуди Мурғи  султонӣ маълум аст. Дар Африка, ҷануби Саҳрои Кабир ва ҷазираи Мадагаскар маскунанд; эҳтимол ба Арабистони Ҷануби Ғарбӣ ва ҷазираи Коморск бурда бошанд. Дар даштҳои алафзори тропикӣ, пахтазор ва ҷангал зиндагӣ мекунад. Се­ла-села дар замин гашта, шабро дар дарахт мегузаронад. 7—20 дона тухм мегузорад. Дон, шохчаҳои наврас, пиёзак, ҳашарот ва дигар бемӯҳрагонро мехӯрад. Мурғи султонӣ паррандаи сайдист.

Мурғи султонии х о н а г ӣ (нигаред расм) аз Мурғи султонии муқаррарӣ (Numida meleag- ris), ки дар Африкаи Ғарбӣ зиндагӣ мекунад, пайдо шудааст. Бори аввал дар Юнони Қадим ва Рим хонагӣ кардаанд. Танаи Мурғи султонии хонагӣ дароз, сараш қариб бепар, тоҷаш сурхтоб (бунаш устухонӣ), дар болои нӯли чангакмонандаш пардахалтаи бунафшранги овоз дорад. Болаш мудаввар, думаш кутоҳи ба поён хамида, кафи пояш барҷаста, бе пих, хокистарранг ё гулобӣ. Па­раш ашҳабӣ, кабуд, сафед, чипор мешавад. Пари чӯҷааш одатан қаҳ- варанг. Мурғи султонӣ хуб давида ё парвоз карда метавоиад. Мурғи султони болиғ ба хунукӣ тобовар аст ва ба шароити маҳал нағз мутобиқ мегардад. Мурғи султониро барои истеҳсоли гӯшт парвариш мекунанд. Дар 6—8 моҳ болиғ ва дар хоҷагиҳо 2—3 сол истифода ме­шавад. Дар гала ба 4—6 мокиён як хурӯс мегузоранд. Хурӯсҳои болиғ то 2 килограмм, мокиён 1,8 килограмм, бройлерҳои 70—75-рӯзааш қариб 1 килограмм вазн доранд. Гӯшти Мурғи султонии наврас мулоим, хуштаъму серғизост. Соле 70—120 дона тухм медиҳад; тухмаш нокшакл, қаҳваранг (вазни яктоаш 42— 45 грамм), зардиаш серкаротиноид мебошад. Дер мепояд ва қимати ғизоияшро гум намекунад. Дар давоми 28 шаборӯз чӯҷа мебарорад.

Мурғи султонии болиғро дар мурғхона (зимистон) ё дар ҳавои кушод, дар шипангҳои болопӯшида (тобистон), мокиёнҳои тухмдеҳро дар катакҳо ни- гоҳ медоранд. Чӯҷа-бройлерҳои Мурғи султониро дар мурғхона ё катак парва­риш кардан мумкин аст. Ба онҳо дар як шаборӯз 3—4 маротиба хӯрок (асосан комбикорм) медиҳанд; хӯрокии сабз, орди алаф, моддаҳои минералӣ, сафеда ва ғайраро низ истифода мебаранд. Вояи хӯроки Мурғи султонӣ (мокиён) бояд 16—18% протеин ва 3000 килокаллория/килограмм энергияи мубодилавӣ дошта бошад. Воян хӯроки бройлерҳо аз 45-рӯзагӣ то охири парвариш 20% протеин ва 3050 килокаллория/килограмм энергияи мубодилавӣ дорад. Мурғи султонӣ нис­бат ба дигар паррандаҳои хоҷагии қишлоқ ба касалиҳол сироятӣ ва навазионӣ бештар тобовар аст. Барои онҳо аз ҳама бисёртар трихомонез, тоун, гетераксидоз хавфнок аст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР парвариши Мурғи  султонӣ махсусан дар вилоятҳои Новосибирск, Омск, Республикаи Автономиии Советии Сотсиалистии Кабардино Балқария, Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Бошқирия ва ғайра тараққӣ кардааст.

Дурагаҳои Мурғи султонӣ бо мурғ, тазарв ва мурғи марҷон бенасланд.

Адабиёт: В е Я ц м а я Л. Н., Сесарки, Москва, 1970.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …