Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРҒИ САФЕДИ РУСӢ

МУРҒИ САФЕДИ РУСӢ

russkaya_belaya_kuricaМУРҒИ САФЕДИ РУСӢ, зоти мурғги тухмдеҳ. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР бо роҳи ҷуфтии мурғи Леггорн бо мурғҳои маҳаллии районҳои марказии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия ба вуҷуд оварда­анд. Ҳамчун зот соли 1953 тасдиқ шу­дааст. Пару бо­лаш сафед, пойҳояш зард. Вазни хурӯс 2,8—3 килограмм, мокиён 2,1—2,2 килограмм. Соле 180—190 (дар хоҷагиҳои пешқадам 215—225) тухм (вазни яктоаш 58—60 грамм) мекунад. Мурғи сафеди русӣ ба шароит нағз мутобиқ мешавад. Дар катак ва озод парвариш мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …