Маълумоти охирин
Главная / Биология / Мӯрдиҳо

Мӯрдиҳо

Мӯрдиҳо, (Myrtaceae), оилаи рас­таниҳои дупалагии дарахтӣ, бутта ё буттачаҳои аксар ҳамешасабз. Бар­ги оддии муқобили ҳамдигар (баъзан пай дар пай) ҷойгиршуда ва донакмева доранд. Гулашон дуҷинсаи актиноморфӣ буда, бештар дар хӯшагул ҷойгир шудааст. Косабарг ва гулбаргашон 4—5-тоӣ; гардбаргашон бисёр аст. Қариб 100 ҷинсу 3000 намудашон асосан дар мивтақаҳои тропики ва субтропикии Америка, Австралия ва Полинезия мерӯянд. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ якчанд намуди Мӯрдиҳо (эвка­липт, мӯрд ва ғайра)-ро фақат кишт мекунанд. Бисёр намудҳои Мӯрдиҳо аҳамиятноканд. Аз онҳо мева, чӯби, қиматбаҳо, равғани эфир, моддаҳои доруӣ ва ғайра мегиранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …