Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУРЧОЛ

МУРЧОЛ

murcholМУРЧОЛ, мурчал роҳи зеризаминӣ ва мағоке, ки барои ги- рифтани қалъа ё аз он гурехтан дар атроф ва дохили он канда мешуд. Лашкари мамлакатҳои Шарқи Қа­дим аз Мурчол барои фатҳи қалъаҳои мустаҳками душман истифода мебурд. Мурчолро одатан махфӣ дуртар аз беруни қалъа то зери девори он мекофтанд ва тавассути вай ба қалъа дохил мешуданд. Мувофики манбаъҳои хаттӣ ва ҳафриёти архе­ологӣ ҳокимон дар ҳар қалъа Мурчоли махсус доштаанд ва ҳангоми ба ҳуҷуми душман муқобилат нишон до- да натавонистан пинҳонӣ ба воситаи он фирор мекардаанд. А. Валиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …