Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУРҶИИЯ

МУРҶИИЯ

mechtaМУРҶИИЯ (аз арабӣ—умед, орзу, чашмдошт), яке аз таълимотҳои динию ахлоқиест, ки дар шариати ислом масъалаи озодии иродаро ба таври хос ҳал намудааст. Мӯътазилиён таъкид мекарданд, ки шахси гуноҳи сахт содиркарда кофир на­мешанад, аммо аҳли хориҷия собит менамуданд, ки ин қабил шахси мусулмон кофир мешавад. Бар хилофи ҳамаи инҳо ва хусусан шохаи шадидтарини хориҷия — азрақия Мурҷиия чунин талқин менамуд, ки шахси гуноҳи азим содиркарда кофир намешавад, балки дар оянда низ умеди шафоат дорад. Аҳли Мурҷиия барои ҳақ будани нуқтаи мазкурро исбот кардан таълимоти Қуръонро дар бораи раҳмату шафқати офаридгор ис­тифода мебурданд. Мурҷииён имону эътиқодро бо омилҳои субъективӣ— олами ботинӣ, маънавӣ, мароми шахсӣ, сифатҳои ахлоқӣ вобаста намуда, мутобиқату аёнияти зоҳиру ботин ва дунёи рӯҳонӣ, аъмолу фаъолиятро напазируфтаанд.

М. Султонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …