Главная / Илм / МУРЧ

МУРЧ

murchМУРЧ, мурчи с и ё ҳ, фулфул, ф и л ф и л, (Piper nigrum), буттаи лианмонандест аз оилаи  мурчиҳо. дарозиаш то 12 метр; пояи борик, барги байзашакли думчадори пайдарҳам ҷойгиранда, хӯшагули саракмонанд (дарозиаш 5—10 сантиметр), гули май­даи сафед ё зардтоб ва ғӯраки якпалла дорад. Аз вазиши бод гардолуд мешавад. Мевааш доначаи яктухма (диаметраш 3—5 миллиметр), тунди сабз ва баъди пухтан сурх мешавад. Мурч бӯи хуш дорад. Донаи Мурчро дар нимхомӣ меғундоранд; баъди хушконидан сиёҳ мешавад. Мурчии кӯфта ё фулфули суда дар саноати хӯрокворӣ аҳамияти калон дорад. Дар кишварҳои Шарқ аз замонҳои қадим маъмул буд. Мурчро пеш ба Осиёи Миёна ва аз ҷумла ба Тоҷикистон аз Ҳиндустоп меоварданд. Дар тиб ҳамчун воситаи иштиҳоовар ва ҳозим истифода мешавад, инчунин ҷузъи таркибии баъзе доруҳо мебошад.

Мурч: 1—шохчаи гул; 2—мева.

Мурчии худрӯй дар Осиёи Ҷануби Шарқӣ ва Ҳиндустон месабзад. Мурч беш- тар дар ноҳияҳои тропикии Осиё (махсусан дар Ҳиндустон, ҷазираҳои Суматра, Ява, Борнео, Шри-Ланка ва ғайра), Африкаи Шарқӣ ва Америка кишта мешавад. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР фақат дар гармхонаҳо парвариш мекунанд.

Мурчро бо тухм ё кӯчат зиёд мекунанд. Ниҳоли Мурч баъди 3—4 соли кишт ва баъди 5—б моҳи кӯчат гул мекунад. Мевааш баъди 8—10 моҳ мепазад. Аз ҳар як растанӣ 0,6—1,5* килограмм ҳосил меғундоранд. Тундии мурч ба миқдори моддаи пиперин (5— 9%), бӯяш ба равғани эфир (0,9— 2,5%) вобаста аст, инчунин 1—2% зифт, 6—12% равған ва оҳар дорад.

Адабиёт: Буш Н. А., Систематика выс­ших растений, Москва, 1050; Му р а в ь ёва Д. А., Г а м м е р м а н А. Ф., Тропичес­кие и субтропические лекарственные растения, Москва, 1974.

С. Ю. Юнусов.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ФАЗЛ

МУҲАММАД ИБНИ ФАЗЛ — (соли таваллуд номаълум — вафоташ 931, Самарқанд), фақеҳи форс-тоҷик. Дар Балх …