Маълумоти охирин

МУРАССАЪ

personМУРАССАЪ  (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 19 тоҷик. Дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳашмат аз Мурассаъ ёд шуда, «рутбаи каломаш» аз Мирзо Ҳасрати Ҳисорӣ ва Пария Ҳисорӣ болотар таъин гардидааст. Дар баёзи рақами 1256-и Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ як мухаммаси «ширу шакар» (ба тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) гуфтаи Мурассаъ мавҷуд аст, ки аз хушбаёнӣ ва сухандонию истеъдоди баланди шоирии ӯ гувоҳӣ медиҳад. Мухаммаси мазкур мазмуни ишқӣ дошта, бо забони фасеҳу равон ва образнок навишта шу­дааст.

Адабиёт: А б и б о в А., Мирзо Мурассаъ, газетаи «Маориф ва маданият». 20 феврали 1979.

А. Хабибов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …