Маълумоти охирин

МУРАККАБОТ

murakkabot2МУРАККАБОТ, сохти пардавиест дар мусиқии форс-тоҷик. Мураккабот 24 навъ дошта, ҳар кадоми он аз ду мақом ё аз мақом ва шуъба, шуъба ва овоза, мақом ва овоза барин қаторовоз таркиб ёфта, вобаста ба ҳамин «Ҳиҷози мухолиф» (дар асоси мақомдои «Ҳиҷоа» ва «Ироқ»), «Чоргоҳи Адам» (дар асоси шуъбаҳои «Чоргоҳ» ва «Аҷам»), «Зерафкани Бузург» (Бузрук) (дар асоси овозаи «Бузург» ва «Моя») ва ғайра ном мегирад. Абдулмӯъмини Сафиуддин дар рисолаи мусиқиаш ин сохти мусиқиро батафсил шарҳ дода, ба po­xy равиши мақомҳо монанд будани Мураккаботро қайд кардааст. Дар қисми наср (таронавӣ)-и «Шашмақом» шуъбаҳои ба Мураккабот монанд вомехӯранд.

А. Низомов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …