Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРАҚҚАЪ

МУРАҚҚАЪ

murakkaМУРАҚҚАЪ (арабӣ — руқъа- руқъа, пора-пора ба ҳам ҷамъ кар- дашуда), маҷмӯаҳое, ки аз қитъаҳои хати хушнависон ва минётурҳои рассомони гуногун тартиб дода мешуданд. Мураққаъ аз асри 16 cap карда, махсусан дар замони Сафавиён ва Темуриёни Ҳинд ривоҷ ёфт. Ҳоло дар музею китобхонаҳои олам зиё­да аз 10 Мураққаъ нигоҳ дошта мешавад, ки қадимтарини онҳо Мураққаъи Яъқуббе, ки Оққуюнлу ба шумор меравад. Мураққаъи «Гулшан» пурарзиштарину маъмултарин Мураққаъ аст, ки осори хушнависону рассомони Ҳинду Эронро дар бар гирифта, тартибдиҳии он бо супориши Ҷаҳонгир cap шуда, дар замони Шоҳиҷахон ба охир расидааст. Дигар Мураққаъи Дӯстмуҳаммади Ҳиравист, ки бо фармоиши Баҳром- мирзо соли 1545 ба анҷом расида, дар он бештар хати хунта Миралии Ҳиравӣ истифода шудааст. а. Афсаҳов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …