Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРАББАЪ

МУРАББАЪ

chorgonaМУРАББАЪ (ар. c— чоргона, чоркунҷа), 1) як санъати бадеии лафзӣ. Шоир чаҳор мисраъ ё чаҳор байтро ба тариқе мегӯяд, ки агар онҳоро ба чаҳор пора ҷудо карда, ҳар пораро дар чаҳор хонача навишта, аз чап ба рост (дар хатти арабӣ аз рост ба чап) ё аз боло ба поён хонем, боз ҳамон мисраъ ё байти матлуб ҳосил шуда, маънию шакли онҳо тағйир намеёбад:

  1 2 3 4
1. ба ҷонат нигоро ки дорй вафо
2. нигоро вафо кун ба дил беҷдфо

Чунин Мураббаъ, ки чаҳор мисраи он ҳам аз арзу ҳам аз тӯл хонда шавад, мураббаъулмисраъ, аммо агар чаҳор байт ба равиши зерин бошад, мураббаъулабьёт хондаанд:

2) Яке аз шаклҳои шеърие, ки дар бандаш аз чор мисраъ иборат буда, ду тарзи қофиябандӣ дорад: аааа, боба, ввва… ё ки аааг, бббг, вввг… Аммо устодони шеър ҳамчун Саъдии Шерозӣ ва Ибни Ямин аз доираи ин талаботи маъмул берун баромадаанд. Банди аввали Мураббаъи онҳо ба мисли қофиябандии рубоӣ (ааба) ва дубайтӣ (абвб) буда, танҳо аз банди дуюм тарзи қофиябандии маъмул риоя шудааст. Дар бан­ди охирин тахаллус низ зикр ёфтааст. Эҷодкори Мураббаъ Рудакист, Аз асри 11—12 Мураббаъ ҳамчун шакли мустақили шеърӣ дар назми форс-тоҷик ривоҷ ёфт. Дар назми советии тоҷик ҳам равнақ гирифт. Аммо дар адабиёти муосир бо тақозои замон, навҷӯии шоирон ва таъсири назми рус на танҳо дар мавзӯю мундариҷаи Мураббаъ, балки дар сохту тарзи қофиябандии он низ тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Садриддин Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, М. Раҳимӣ ва дигар баробари идомаи анъанаҳои мураббаънависони гузашта як қисми Мураббаъҳои худро дар шакли қофиябандии якдармиён (абаб), дудармиён (абба), ҳамҳудуд (аабб) тарзи қофиябандии дубайтӣ (абвб), қофиябандии рубоӣ (ааба, ввов) ва ғайра. навиштаанд. Дар адабиёти имрӯза ба шакли бандҳои Мураббаъ навиштани достон ба назар мерасад. Чунончи, достони «Ҳасани аробакаш*-и Мирзо Турсунзода дар асоси бандҳои чормисраи навишта шуда, дар бан­ди он ба тариқи қофиябандии ду­байтӣ (абвб) тартиб ёфтааст.

С. Имронов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …