Главная / Ҷамъият / МУОМИЛОТ

МУОМИЛОТ

muomilotМУОМИЛОТ, муомалот (арабӣ ҷамъи —алоқа, муносибат, робита) дар иқтисодиёт, шакли мубодилаи молӣ бо маҳсуди меҳнат ва дигар предметҳои шахсӣ. Муомилот баробари истеҳсолоти молӣ пайдо шуда­аст. Муомилот аз мубодилаи бевоситаи мол (Мол—Мол) бо он фарқ мекунад, ки ба воситаи пул (Мол—Пул—Мол) амалӣ ме­шавад. Шакли иқтисодии Муомилот ивазшавии шакли арзиш, табдил додани мол ба пул ва пул ба мол аст. Дар давраи истеҳсолоти оддии моли мақсади Муомилот асосан мубодилаи маҳ- сули меҳнат мебошад. Дар давраи капитализм Муомилот характери умумӣ ме- гирад ва на танҳо маҳсули меҳнат, балки кувваи коргарӣ низ ба мол табдил меёбад, замин, сарватҳои зеризаминӣ ва ҷангал объекти харидк фурӯш мегарданд. Муомилоти капиталистӣ характери стихиявӣ дошта, дар шароити хусусӣ будани воситаҳои истеҳсолот амалӣ гардонида мешавад ва ҳамчун омили ба вуҷуд овардани арзишии изофа ва фоида хизмат мекунад. Муомилат аз як тараф, ба истеҳсолоту тақсимот, аз тарафи дигар ба истеъмолот таъсир расонда, зиддияти байни онҳоро мураккаб ва тезу тунд мегардонад. Дар шароити капитализм таъмини корхонаҳо бо воситаҳои истеҳсолот ва фурӯши моли онҳо вазифаи дар як фирма ё монополия буда, ба воситаи бозор дар асоси акта хариду фурӯш, рақобат ва анархияи истеҳсолот амалӣ мегардад. Дар ҷамъияти сотсиалистӣ Муомилот характери планӣ дорад ва дар шароити моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот амалӣ гардида, таъминоти моддӣ- техникии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва савдои предметҳои истеъмолии шахсиро дар бар мегирад. Муомилот дар давраи сотсиализм аз рақобатҳо озод буда, барои қонеъ гардонидани талаботи меҳнаткашон хизмат мекунад. Ба воситаи Муомилот истеъмолкунандагон молҳоро аз истеҳсолкунандагон ме- гиранд, байни шаҳру қишлоқ робитаи иқтисодӣ барқарор мекунанд, принсипҳои сотсиалистии тақсимот мувофиқи мехнатро ҷорӣ менамоянд. Давлати сотсиалистӣ талаботу таклифоти аҳолиро нисбат ба мол ба ҳисоб гирифта, микдори пулро дар Муомилот муайян менамояд ва нархро ба план мегирад. Дар давраи сотси­ализм воситаҳои асосии истеҳсолот, замин, сарватҳои зеризаминӣ, беша, фабрика, заводҳо предмети хариду фурӯш набуда, қисми зиёди молҳо, ки дар Муомилаанд, маҳсулоти корхонаҳои дав- латӣ, кооператсияи матлубот ва колхозҳо мебошанд. Просесси Муомилот дар шакли савдои давлатӣ, кооперативию колхозӣ бо предметҳои истеъмоли шахсӣ ва таъминоти моддӣ-техникии истеъмолкунандагон бо молҳои барои ис- теҳсолот пешбинишуда ба амал тадбиқ карда мешавад. Органҳои таъминот ва савдо талаботу таклифотро меомӯзанд, Муомилоти воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолиро ташкил мекунанд. Муомилоти воситаҳои истеҳсолоти дохили сектори давлатӣ аз Муомилоти предметҳои истеъмолӣ фарқ мекунад. Дар просесси Муомилот воситаҳои истеҳсолот, ки аз як корхона ба корхонаи дигар мегузаранд, чун моликияти давлатӣ боқӣ мемонанд. Дар гардиши предметҳои истеъмоли соҳиби мол иваз мешавад (ба аҳолӣ фурӯхтани мол ба_ воситаи магазинқо, хариду фурӯши молҳо дар байни гражданҳо, ба давлат фурӯхтани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз тарафи колхоз ва меҳнаткашон). Предметҳои истеъмолии шахсиро ҳар кас метавонад озодона бихарад. Қисми зиёди воситаҳои истеҳсолот ба фурӯши озод нарафта, мувофиқи плани таъминоти моддию техникӣ дар байни корхонаҳо тақсим мегардад. Предметҳои истеъмолӣ дар бозорн колхозӣ ба воситаи савдои чаканаи магазин- хон давлатй ва кооперативы харнда, воситаҳои истеҳсолот ба корхоиаю ташкилотҳо ба воситаи органҳои таъминот расонида мешаванд. Таҷ- риҷаи ба савдои яклухти воситаҳои истеҳсолот гузаштан, ки дар зами­наи ислоҳоти иқтисодӣ амалӣ мегарданд, далели десентрализасия ва боз ҳам такмил ёфтани шакли фу­рӯши маҳсулот, баланд гардидани роли Муомилот дар просесси такрористеҳсоли сотсиалистӣ, пурзӯр шудани таъсир ба тақсимот ва истеъмоли маҳсулоти ҷамъиятӣ мебошад.

Фурӯши номахдуди мол, табдили он ба шакли пули (Пул—Мол) шарти

асосии такрористеҳсоли мунтазами сотсиалистӣ аст. Гардиши мол боиси Муомилоти пулӣ, яъне ҳаракати нақдинаи пул дар просесси мубодилаи мол мегардад. Пул ба доираи Муомилот дохил гардида, дар фурӯши молҳо хизмат мерасонад ва ҳамчун воси­таи адои қарз амал мекунад. Мик­дори пули барои Муомилот зарурӣ бо мик­дори моли фурӯхташуда, нарх ва суръати гардиши пул муайян карда мешавад. Фарқи Муомилоти пулӣ аз Муомилоти молӣ ин аст, ки хар як мол дар до­ираи Муомилот муваққатӣ, аммо пул дар Муомилот доимӣ аст. Ҷамъияти сотсиалистӣ ба Муомилот аз рӯи плани умумӣ роҳбарӣ карда, онро аз нуқтаи назари вазифаҳои сохтмони коммунистӣ, инкишоф медиҳад.

Адабиёт: Маркс Карл, Капитал, том 1—3; Ленин Владимир Илич, Хатари таҳлука ва чораҳои пешгирӣ кардани он, Асарҳо, ҷилди 25; программаи Партияи Коммунистии Иттифоки Советӣ, Душанбе, 1979.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

muhabbat

МУҲАББАТ

МУҲАББАТ (меҳр, дӯстдорӣ), ҳисси дилбастагӣ, умумияти муносибат ва қаробати байни одамопн ки ба манфиат ва …