Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОЛИҶА БО ОБ

МУОЛИҶА БО ОБ

gidroterapiyaМУОЛИҶА БО ОБ, гидротера­пия, истифодаи об бо мақсади му- олиҷа ва пешгирии бемориҳо. Муолиҷа бо об яке аз усулҳои қадимтарини та- бобат аст. Аввалин маълумотҳо оид ба Муолиҷа бо  об  дар китоби ҳиндии «Ригведа», ки 1500 сол то милод навишта шудааст, дучор мешаванд. Муолиҷа бо об  дар Рими Қадим хеле ривоҷ ёфга буд. Дар он ҷо муассисаҳои махсуси ҷамъиятию гигиение мавҷуд буданд, ки беморонро бо об табобат мекарданд. Дар бораи бо об табобат кардани бемориҳо дар асарҳои Букрот ва Ибни Сино низ маълумотҳои зиёде оварда шудаанд. Ибни Сино ҳангоми бо об табобат кардани як қатор бемориҳои узвҳои дарунӣ, системаи асаб, пӯст ва ғайра бо об илова кардани қиёми гиёҳҳоро тавсия намудааст. Ӯ таъсири оби хунук, ширгарм ва гармро ба пӯст, ҳолати умумии организм ва ғайра санҷида, дар бораи қоида ва муддати қабули ваннаҳои табобатӣ маслидатҳо додааст. Моҳияти илмии Муолиҷа бо об асри 19 баъди он, ки духтурони рус А. Ни­китин (1825), Б. Гржимайло (1859) ва дигар таъсири физиологии обро ба организм омӯхтанд, муайян гашт. Об ба пӯст таъсири ҳароратӣ, ме­ханикӣ ва химиявӣ мерасонад; ҳарорати об барангезандаи асосӣ ба шумор меравад. Ҳарорати пӯст ҳар қадар паст бошад, таъсири об ҳамон қадар зиёд мегардад. Оби барои муолиҷа истифодашавандаро ба хунук (то 20° Селсия), нимхунук (21—33е Селсия), ҳарорати индифферентӣ (34—36° Селсия), ширгарм (37—39° Селсия) ва гарм (40° Селсия ва аз он баланд) ҷудо мекунанд. Амалиёти Муолиҷа бо об умумӣ (ба даруни об кардани тамоми бадан) ва ҷ у з ъ ӣ (ба даруни об кардани даст, пой ё ягон узви дигар) мешавад ва онро бо усулҳои гуногуни техникӣ (рехтан, молидан, компресс кардан, душу ванна қабул кардан ва ғайра) ба амал мебароранд. Оби хунук ва нимхунукро барои беҳтар гардидани фаъолияти системаҳои дилу paг ва асаб, тезонидани мубодилаи

моддаҳо, ҳангоми фарбеҳӣ, барои машқ ва обутоб додани организм, оби ширгармро барои табобати бемориҳои илтиҳобии музмин, дасту пой ва миён, системаи асаби канорӣ (тарбод, неврит, невралгия) ва ғайра, оби ҳарорат индиффер е н т ӣ доштаро ҳангоми баландшавии ҳассосияти системаҳои асаб ва дилу paг, сӯзиши пӯст ва ғайра, оби гармро ҳангоми вайроншавии (ихтилоли) баъзе намудҳои мубоди­лаи модда ва бемориҳои гурда исти­фода мебаранд.

Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР Муолиҷа бо об дар муассиса­ҳои махсуси назди поликлиникаю беморхонаҳо, санаторияҳо, тадқиқотҳои илмӣ оид ба Муолиҷа бо об бошад дар як қатор институтҳои тадқиқоти ил­мӣ, фиаиотерапевтӣ ба амал бароварда мешавад. Дар Тоҷикистон Муолиҷа бо об дар курортҳои Хоҷаобигарм, Шамбарӣ, Обигарм, санаторияҳои Ҳавотоғ, Гармчашма (дар райони Ишкошими Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ) ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Дар курорти Хоҷаобигарм оби гарми минералию радиоактивиро низ истифода мебаранд.

Адабиёт:    Сыроечковская М. Н.,

Водолечение, Москва, 1968; Таджикская Со­ветская Социалистическая Республика, Душнабе, 1974.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …