Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОЛИҶА БО НУРИ ОФТОБ

МУОЛИҶА БО НУРИ ОФТОБ

gelioterapiiaМУОЛИҶА БО НУРИ ОФТОБ, ге­лиотерапия, бо мақсади табобату профилактика истифода бурдани нури офтоб. Таъсири нурҳои офтоб ба организм чунин аст: нурҳои инфрасурх гармӣ медиҳанд, нурҳои равшанӣ системаи асабро бармеангезанд, нурҳои ултрабунафш дар пуст реаксияи фотохимиявӣ ва биофизикиро ба вучуд оварда, боиси ҳосилшавии витамини D, пигмент ва ғайра мегарданд. Ҳангоми Муолиҷа, яъне қа­були ваннаҳои офтобӣ просессҳои мубодила, иммунитет тезтару ҳосил­шавии хун, ғизогирии бофтаҳо, ҳо­лати умумии организм, иштиҳо, хоб ва ғайра беҳтар мегарданд; организм обутоб меёбад. Муолиҷаро хусусан ҳанго­ми бемориҳои пӯст, ҷароҳат ва захмҳои суст сиҳатёбанда, камхунӣ, сили пӯст, устухон ва ғайра тавсия меку- нанд. Барои қабули ваннаҳои офто­бӣ майдонҳои махсус — солярияҳо месозанд. Ваннаҳои офтобиро баъди 1—1,5 соати наҳорӣ қабул кардан фоидабахш аст. Пеш аз қабули ван­наи офтобӣ 10—15 дақиқа дар соя истироҳат намуда, пӯстро хӯшконидан лозим аст (пӯсти тар аз нури офтоб зуд месӯзад). Баъди қабули ваннаи офтобӣ оббозӣ мекунанд ё баданро бо латтаи тар пок карда, ним соат истироҳат менамоянд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …