Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУОҲИДАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

МУОҲИДАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

muohidai-baynalkhalkiМУОҲИДАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ, ба маънои васеъ ҳама гуна созишномаҳои байналхалқие, ки ҳуқуқ ва ӯхдадории мутақобилаи давлатҳои ба онҳо имзогузошта ва ба таври расмӣ тасдиқ кардаро муқаррар ме­кунанд. Вале, одатан Муоҳидаҳои байналхалқӣ гуфта созишномаҳои байналхалқиеро мено- манд, ки муносибати давлатҳоро дар ягон соҳаи махсус (нигаред Шартномаи байналхалқӣ) ба тартиб меоранд.

Муоҳидаҳои байналхалқӣ бисёртарафа бештар аҳамият доранд, чунки онҳо ҳуҷҷатҳои қонунгузории байналхалқию ҳуқуқӣ буда, нормаҳои характери умумидоштаро дар бар мегиранд. Ин гуна Муоҳидаҳои байналхалқӣ  ба чанд гурӯҳ тақсим меша­ванд: 1) Муоҳидаҳои байналхалқие, ки тартиби ҳуқуқии ин ё он территория ё ягон ӯҳдадории сиёсии ба он алоқамандро муқаррар мекунанд. Бори аввал ин гу­на Муоҳидаҳои байналхалқӣ  ба ҳуҷҷати хотимавии Конгресси Вена (солҳои 1814—15) дохил карда шуд, ки қарори Оид ба эъти- роф ва кафолати бетарафии доимии Швейсария»-ро дар бар мегирифт. 2) Муоҳидаҳои байналхалқӣ оид ба ҳуқуқ дар баҳр. Соли 1958 дар Конференсияи Женева оид ба ин масъала як силсила Муоҳидаҳои байналхалқӣ  имзо шуданд: Оид ба баҳри кушод; До­ир ба баҳри территориявӣ ва минтақаи ба он пайваст; Оид ба шелфи минтақавӣ; Доир ба моҳидорӣ ва ҳифзи соҳилҳои баҳри кушод. Ба ин гурӯҳ муоҳидаҳое низ дохил мешаванд, ки тартиби хуқуқии истифодаи каналҳои байналхалқӣ, дарёҳои байналхалқӣ, гулӯтоҳҳои байналхалқӣ ва масъалаҳои конкретии киштигардии бақриро дар бар мегиранд. Муоҳидаҳо оид ба ҳифзи кабелҳои телеграфии зернобӣ (1884); Оид ба ёрию наҷотдиҳӣ дар баҳр 1910); Оид ба тартиби бандарҳои баҳрӣ (1923); Оид ба ҳифзи ҳаёти инсон дар баҳр (1960) ва ғайра аз ҳамин қабиланд. 3) Муоҳидаҳои байналхалқие, ки тартиботи ҳуқуқии фазо ва парвози киштиҳои ҳавоиро муқаррар мекунанд. Чунончӣ: Оид ба авитсияи байналхалқии гражданӣ (1944); Оид ба як хел кардани баъзе қоидаҳое, ки ба боркашони ҳавоии байналхалқӣ тааллуқ доранд (1944); Оид ба эътирофи байналхалқии ҳуқуқ ба киштиҳои ҳавоӣ (1948) ва ғайра 4) Силсилаи Муоҳидаҳои байналхалқие, ки масъалаҳои тадқиқи фазои кайҳонро ба тартиб меоранд.

5)         Муоҳидаҳои байналхалқие, ки ба муҳофизати ҳуқуқи инсон, ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва граждании аҳолӣ равона шудаанд: Муоҳидаи байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон; Оид ба вазъияти ҳуқуқии фирориён (1951); Оид ба ҳуқуқҳои сиёсии занҳо (1952); Оид ба роҳ надодани ҳуқуқпоймолкунӣ дар соҳаи маориф (1960); Оид ба барҳам задани ҳамаи шаклҳои хуқуқпойколкунии нажодӣ (1965) ва ғайра.

6)         Муоҳидаҳои байналхалқӣ   доир ба масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ: Доир ба ғуломдорӣ (1926); Оид ба мубориза бар зидди интишори нашрияҳои пор­нографӣ (1923); Оид ба мубориза бар зиддн сохтани пулҳои қалбакӣ (1929); Муоҳидаҳои байналхалии  ягона оид ба мухаддирот (1961) ва ғайра. 7) Муоҳидаҳои байналхалқӣ  доир ба муборизаи якҷояи давлатҳо ба му- қобили ҷиноятҳои зидднинсонӣ: Оид ба пешгирии ҷинояти қатли ом ва ҷазо додан барои он (1948); Ба эътибор нагирифтани гузаштани мӯҳлат барои ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҷиноятҳои зиддиинсонӣ (1968) ва ғайра. 8) Муоҳидаҳои байналхалқии қонуну қоидаҳои ҷанг. 9) Муоҳидаҳои байналхалқӣ оид ба масълаҳои ҳуқуқи дипло­матию консулӣ: Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои консули (1963); Конвенсия оид ба супоришҳои махсус (нигаред низ Ҳуқуқи консулӣ). 10) Муоҳидаҳои байналхалқӣ   бахшида ба вазъияти ҳуқуқии ташкилотҳои байналхалқӣ, шахсони масъул ва кормандони онҳо. 11) Муоҳидаҳои байналхалқӣ   оид ба халли осоиштаи масъалаҳои баҳснок ва муноқишаҳои байналхалқӣ. Муоҳидаҳои байналхалқие, ки ба шароити меҳ- нат дахл доранд, онҳоро Ташкилоги байналхалқии меҳнат (ТБМ) қабул мекунад.

Силсилаи махсуси Муоҳидаҳои байналхалқие мавҷуданд, ки қоидаҳои умумии бастан, тағйир додан ва қатъ кардани амали шартномаву созишномаҳои байналхалқиро муайян мекунанд.

Дар конференсияи ТДМ доир ба ҳуқуқи бастани шартномаҳои бай- налхалқӣ (1968 ва 1969) бори аввал дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои бай- налхалқӣ Муоҳидаҳои байналхалқӣ   қабул шуд. Гурӯхи алоҳидаи давлатҳо метавонанд Муоҳидаҳои байналхалқии регионалӣ қабул кунанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …