Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОҲИДАҲОИ ГААГАИ СОЛИ 1899 ВА 1907

МУОҲИДАҲОИ ГААГАИ СОЛИ 1899 ВА 1907

muohidai-gaagaМУОҲИДАҲОИ ГААГАИ СОЛИ 1899 ВА 1907, муоҳидаҳои байнал- халқӣ барои муайян кардани қонун, русуми ҷанг, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мамлакатҳои бетараф ва ҳалли осоиштаи мубоҳисаҳои байналхалқӣ. Ин муодидаҳо дар конференсияҳои 1-ум ва 2-юми осоиштаи Гаага, ки солҳои 1899 ва 1907 баргузор гардиданд, қабул шуданд. Ҳамон вақт оид ба маҳдуд намудани воситаҳои амалиёти ҳарбӣ боз 4 декларасияи дигар қабул шуд (нигаред, Қонуну русуми ҷанг). Аксар мамлакатҳо муодидаҳои зерини Гаагаро эътироф меку­нанд: Оид ба ҳалли осоиштаи задухӯрдҳои байналхалқӣ; Оид ба қонун ва русуми ҷангҳое, ки дар хушкӣ ба амал меоянд; Оид ба маҳдуд кардани зӯроварӣ ҳангоми рӯёндани қарзҳо дар асоси шартнома; Оид ба cap кардани амалиётҳои ҳарбӣ; Оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадории давлатҳо ва шахсони бетараф дар ҷангҳое, ки дар хушкӣ ба амал меоянд; Оид ба вазъи киштиҳои тиҷоратии душ­ман дар оғози амалиёти ҳарбӣ; Оид ба муроҷиати (намояндагони) киш­тиҳои тиҷоратӣ ба киштиҳои ҳарбӣ; Дар бораи бомбаборонкунӣ ҳангоми ҷанги қувваҳои баҳрӣ; Бурдани ҷанги баҳрӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои муоҳидаҳоиЖенева (баъдтар онро бо Муодиҳаи женевагии соли 1949 иваз кардаанд); Оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадории мамлакатҳои бетараф дар ҷангҳои баҳрӣ ва ғайра. Азбаски асоси Муоҳидаҳои Гаага принсипи аз рӯи инсоф бурдани ҷанг мебошад, аз ин рӯ, то ҳол аҳамияташро гум накардааст. Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР танҳо ҷиҳатҳои ба Устави ТДМ му- холиф набудаи Муоҳидаҳои Гаага М. Г.-ро эътироф кард. Давлатдои империалиста Муоҳидаҳои Гаагаро мунтазам вайрон мекунанд. Масалан, таҷовузи Штатҳои Муттаҳидаи Америка бар зидди Вет­нам, таҷовузи Исроил ба муқобили халқҳои араб дар Шарқи Наздик ва ғайра мисоли равшани онанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …