Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОДИЛАИ ВАҚТ

МУОДИЛАИ ВАҚТ

muodilai-vakt1МУОДИЛАИ ВАҚТ, фарқи байни вақти офтобии миёна ва вақти оф­тобии ҳақиқӣ (blht. Batfr) ба фарқи тулӯи мустақими Офтоби ҳақиқӣ ва Офтоби миёна баробар аст. Бештар Муодилаи вақтро чун фарқи вақти ҳақиқӣ ва вақти миёна муайян мекунанд; дар ин маврид Муодилаи вақт аломати муқобил дорад, ки ҳангоми истифода бурдани маълумотномаҳо ба эътибор бо­яд гирифт.

Муодилаи вақт бефосила тағйир меёбад, зе­ро вақти офтобии ҳақиқии бо кунҷи соатии Офтоби ҳақиқӣ ченшаванда номунтазам мегузарад, ки натиҷаи дар мадор номунтааам ҳаракат кардани Замин ва тамоили эклипти­ка нисбат ба экватор мебошад. Бинобар ин Муодилаи вақт дар натиҷаи ҷамъ кардани ду мавҷи синусоидии амплитудаашон қариб якхела (нигаред расм) ҳосил мешавад.

Графики муодилаи вақт:            1 — ташкилдиҳандаи муодилаи вақт, ки номунтаза- мии ҳаракати Заминро дар мадор муайян мекунад; 2 — ташкилдиҳандаи муо- дилая вақт, ки тамоили эклиптикаро ннсбат ба экватор муайян мекунад; 3— муодилаи вақт.

Агар вақти офтобии ҳақиқӣ му­айян бошад, бо ёрии Муодилаи вақт вақти миёнаи офтобии маҳалро муайян кар­дан мумкин аст.

Масалан, ҳангоми бо ёрии соатҳои офтобӣ ҳисоб кардани вақти миёна аз формулам m = т0 + т] (т — вақти миёна то — вақти ҳақиқӣ, т) — Муодилаи вақт) истифода мебаранд. Қиматҳои Муодилаи  вақт  барои ҳар рӯз дар солномаҳои астрономӣ ва тақвимҳо дода мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …