Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОДИЛАИ ДИРАК

МУОДИЛАИ ДИРАК

uravnenie-dirakaМУОДИЛАИ ДИРАК, муодилаи квантии ҳаракати электронро гӯянд, ки мувофиқан ба хулосаҳои назарияи нисбият мураттаб сохта тудааст (П. Дирак, соли 1928). Аз Муодилаи Дирак бармеояд, ки электрон моменти миқдори  ҳаракати механикии хос-спин. Бо ёрии Муодилаи Дирак фомулаи саҳеҳтари

 савияҳои энергияи атоми гид­роген (ва атомҳои гидрогенмонанд) ҳосил карда шуд, ки структуреаи нозуки савияҳоро (нигаред Атом) дар бар мегирад; бо ёрии ин муодила инчунин шарҳ додани ҳодисаи Зееман имконпазир гардид. Муодилаи  Дирак моҳияти ҳодисаҳои пароканишн фотонҳоро бо электронҳои озод, шуоъафкании электронро ҳангоми тормозхӯрӣ (шуоъафканиши тормозӣ) шарҳ медиҳад. Дар Муодилаи Дирак ба он ишора мерафт, ки бояд зарраи дигаре (антизарраи электрон) мавҷуд бошад, ки масса ва заряди электронро (бо ало­мати аксаш) дорад. Чунин зарраро К. Андерсон соли 1932 кашф кард ва онро позитрон номид. Гузариши электрон аз ҳолати энергияаш манфӣ ба ҳолати энергияаш мусбат аз гузариши акс ҳамчун просесси ба вуҷуд омадани он дигар зарраҳои спинашон —(дар воҳидҳои К) мюонҳо, нейтрино ва ғайра низ татбиқпазир аст. Муодилаи Дирак ба нуклонҳо (нейтрон ва протон) татбиқнопазир аст. Муодилаи Дирак яке аз муодилаҳои асосии механикаи квантӣ ба шумор меравад.

Аннивилясия ва тавлиди ҷуфт) шарҳ дода мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …