Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОДИЛАИ ДИФФЕРЕНДСИАЛИИ ХУДПАЙВАСТ

МУОДИЛАИ ДИФФЕРЕНДСИАЛИИ ХУДПАЙВАСТ

muodilai-differensialiМУОДИЛАИ ДИФФЕРЕНДСИАЛИИ ХУДПАЙВАСТ, муодилаест, ки бо муодилаи ба худаш ҳамроҳшуда (пайваста) ҳалҳои якхела дорад (нигаред Муодилаҳои дифференсиалии ҳамроҳшуда). Муодилаи дифференсиалии худпайвасти оддии тартибашон ҷуфт (2m) ва тартибашон тоқ (2т — 1) мувофиқан шаклҳои зеринро доранд:

ки дар он Ai функсияҳои х мебо­шанд. Мафҳуми Муодилаи дифференсиалии худпайваст дар назарияи муодилаҳои дифференсиалии оддӣ ва муодилаҳои дифференсиалии ҳосилаҳояш хусусӣ роли муҳим мебозад. Ҳангоми иҷро шудани баъзе шартҳои канорӣ тарафи чапи Муодилаи дифференсиалии худпайваст оператори худпайвастро муай­ян мекунад. Дар амалия бештар Муодилаи дифференсиалии худпайвасти тартиби дуюм истифода мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …