Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОДИЛАИ КЛАПЕЙРОН-КЛАУЗИУС

МУОДИЛАИ КЛАПЕЙРОН-КЛАУЗИУС

klayperon-klauziusМУОДИЛАИ КЛАПЕЙРОН-КЛАУ­ЗИУС, муодилаи термодинамикиест, ки просессҳои аз як фаза ба фазаи дигар гузаштани моддаҳо (бухоршавӣ, гудозиш, сублимасия, гузариши полиморфӣ ва ғайра)-ро ифода мекунад. Мувофиқи Муодилаи Клапейрон-Клаузиус гармии гузари­ши фазавӣ (масалан, гармии буғшавӣ, гармии гудозиш) ҳангоми мунтазам ҷорӣ шудани просесс бо ифодаи зерин муайян карда мешавад:

L I I Щ (V,-V,).         (1)

ки дар ин ҷо Т — ҳарорати гузариш dp

(просесси изотермӣ), қимати ҳосилаи фишор нисбат ба ҳарорат ҳангоми ҳарорати додашудаи гузариш, (Уз—К|)— тағйир ёфтани ҳаҷми модда ҳангоми аз як фаза ба фа­заи дигар гузаштани он. Муодилаи (1)-ро бори аввал Б. П. Э. Клапей­рон (1834) ҳангоми таҳлили сикли Карно барои буги конденсасияшаванда, ки бо моеъ дар ҳолати мувозинати ҳароратӣ мебошад, ҳосил кардааст. Соли 1850 Р. Клаузиус ин му- одиларо такмил дода, инро барои дигар гузаришҳои фазавӣ татбиқ намуд. Муодилаи Клапейрон-Клазиус барои ҳар гуна гузаришҳои фазавие, ки дар онҳо фурӯбурд ва ё ихроҷи гармӣ ба амал меояд, татбиқпазир аст ва натиҷаи бевоситаи иҷро шудани шартҳои мувозинати фазавӣ мебошад. Муодилаи Клапейрон-Клазиусро барои ҳисоб кардани номаълуми дилхоҳи муодила (дар мавриди маълум будани дигар бузургиҳо) истифода бурдан мумкин аст. Дар ҳолати хусусӣ бо ёрии он гармии буғшавиро ҳисоб мекунанд, ки дар таҷриба ҳисоб намудани он басо душвор ва мураккаб аст.

Барои ҳалли Муодилаи Клапейрон-Клазиус бештар усулҳои ҳисоби ададиро истифода мебаранд. Муодилаи Клапейрон-Клазиусро ҳам барои маҳлулҳо ва ҳам барои компонентаҳои алоҳидаи онҳо татбиқ намудан мумкин аст.

Адабиёт:       Курс физической химии, под

редакцией Я. И. Герасимова, 2 издание, том I, Москва, 1960.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …