Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУНЗИМ Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода

МУНЗИМ Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода

personМУНЗИМ Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода (1877, Бухоро — 5. 3. 1934, Сталинобод), маорифпарвар, шоир ва журналисти советии тоҷик. Аз оилаи амалдор. Дар кӯдакӣ ятим монда, давраи наврасӣ ва ҷавониаш дар хонаи Садри Зиё гузаштааст. Ҳамон ҷо бо Садриддин Айнӣ дӯсти пайдо намуд. Соли 1900 бо супориши Садри Зиё«Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро китобат намуда, 1902 дар 2 девон ашъори Ҳайратро ҷамъ кард.  Ин кор дар ташаккули ақидаҳои демократӣ ва маорифпарварии Мунда ёрӣ расонид. Пас аз хатми Мадраса дар таъсиси мактабҳои усули нав иштирок намуда, соли 1908 ҳамроҳи Садриддин Айнӣ дар хонаи худ мактаби усули ҷадид кушод. «Раҳбари хат» ном аввалин дастуруламали дарсӣ тартиб дод. Соли 1917 ҳангоми шиддат гирифтани реаксия ва таъқиб шудани озодихоҳону равшанфикрони Бухоро Мунзим ба Тошкент рафта, дар редаксияи газетаи «Учқун» ва «Қутулуш» кор кард. Пас аз ташкили Республикаи Халқии Советии Бухоро (РХСБ) муовини Раиси Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ ва чанде нозири тандурустӣ буд. Соли 1922 Совети Вазирони Республикаи Халқии Советии Бухоро РХСБ ӯро ба Берлин барои ба хондан бурдани кӯдакон фиристод. «Холида ё қизбола*-и Садриддин Айнӣ соли 1924 дар Берлин ба ҳуруфоти арабӣ  чоп кард. Аз Берлин бар­гашта, дар Самарқанд дар аввалин нашриёти тоҷикӣ ба сифати ҳодими адабӣ кор кард. Соли 1927 ба Душанбе омад ва муовини раиси Комитет ҳуруфоти лотинӣ таъин шуд. Чанде муаллими омӯзишгоҳи занон ва солҳои 1930—33 дар газетаи «Тоҷикистони сурх» ҳодими адабӣ буд. Шеърҳои аввалинашро, ки дар пайравии шоирони классикии форс-тоҷик буданд, ҳангоми таҳсил дар Мадраса эҷод намудааст. Соли 1920 дар арафаи Револютсияи Бухоро дар газетаи «Қутулуш* аввалин шеърҳои револютсионии Мунзим чоп шудаанд: “То ба кай?», «Баёни ҳол». Мунзим дар назми советии тоҷик яке аз аввалин шоиронест, ки бахшида ба Владимир Илич Ленин шеър офаридаанд. («Бисту якуми январ»). Муаллифи достони «Инқилоби ҳоли дедҳқонон — зафари пахтакории онон»(1933). Аз мероси адабии Мунзим ғайр аз шеърҳо баъзе мақолаҳои илмию публисистӣ («Дар бораи забони тоҷикӣ», «Даркору даркортар»), хитоба («Эй Шарқи мазлум», 1919) ва ғайра боқӣ мондаанд. Осори адабӣ ва материалҳо доир ба Мунзим дар матбуоти солҳои 20—30 ва тзакираҳои мухталифи тоинқилобӣ, асарҳои илмию таърихӣ пароканда буда, ҳанӯз ба таври кофӣ ҷамъоварӣ, нашр ва тадқиқ нашудаанд.

Основание.: Маҷмӯаи осор, Душанбе, 1964.» А. Ӯрунов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …