Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУНТАСИР Абӯиброҳим Исмоил Ибни Нӯҳ

МУНТАСИР Абӯиброҳим Исмоил Ибни Нӯҳ

personМУНТАСИР Абӯиброҳим Ис­моил Ибни Нӯҳ (соли таваллуд номаълум — вафот 1005), бародари ду амири охирини сулолаи Сомониён — Мансури П ибни Нӯҳ (997—999) ва Абдулмалик ибни Нӯҳ. Ӯ ба воридшавии туркҳои қарохонӣ ба Мовароуннаҳр ва тақсими мулкҳои Сомониён байни давлатҳои Қарохониён ва Ғазнавиён зид буд. Баъди забти Бухоро (999) қарахониён Мунтасирро бо бародаронаш асир гирифта, ба шаҳри Ӯзганд фиристоданд. Вале ӯ аз ҳабс мегурезад ва лақаби Мунтасир (ғалабаовар)-ро гирифта, аввал дар Бухоро паноҳ мебарад ва сонӣ ба Хоразм омада, қӯшуни боқимондаи Сомониёнро ҷамъ мекунад. Соли 1000 қӯшуни ӯ бо сардории Ҳоҷӣ Арслони Балу бошишгоҳи ҳарбии Қарахониёнро хароб карда, Бухороро озод менамояд. Вале ба фишори қувваҳои нави Насри Қарахонӣ тоб оварда натавониста, Бухороро ба онҳо вомегузорад ва ба Хуросон рафта, ҳамроҳи ҳокими он Абулқосими Симҷурӣ ба муқобили Махмуди Faзнавӣ ҷанг cap мекунад ва марти 1001 ҳатто Нишопурро ишғол намуда, соҳиби Абевард мешавад. Барои шаҳри Нисо бо Хоразмшоҳ ҷангида шикаст мехӯрад ва боз ба Моваро­уннаҳр меравад. Дар он ҷо дар назди Дабусия қӯшунҳои Қарахониёнро торумор мекунад, аммо дар ҷанги байни Ҷиззаху Хавос шикаст хӯрда, боз ба Хуросон мегурезад. Ба ҳамин тариқ кӯшиши Мунтасир барои барқарор намудани ҳокимияти суло­лаи Сомониён муваффақият пайдо намекунад. Аввали соли 1005 ӯ аз дасти яке аз сардорони қабилаҳои араб хоинона кушта шуд. Мунтасир инчунин шоир ҳам будааст ва баъзе аз ашъораш то замони мо расидааст.

Адабиёт: Бартольд В. В., Туркестан в эпоху монгольского нашествия, Сочинение, тои 1, Москва, 1963; Негматов Н., Государ­ство Саманидов (Мовераннахр и Хора­са* в IX—X ввеков), Душанбе, 1977.

Я. Неъматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …