Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУНТАХАБОТ

МУНТАХАБОТ

muntahabotМУНТАХАБОТ (арабӣ ҷамъи интихобшуда, баргузида), маҷмӯааст, ки як қисми муҳими осори манзум ё мансури адиберо дар бар мегирад. Калимаҳои баргузида, гулчин, осор ё ашъори мунтахаб бо Мунтахоб муродиф ва ҳаммаъноянд. Зери ин унвонҳо якчанд маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик ба табъ расидаанд: «Гулчине аз девони ашьор»-и Носири Хисрав (1957), «Осори мунтахаб»-и Амир Хисрави Деҳлавӣ (1971—1975), « Мунтахабот * -и Камоли Хуҷандӣ (I960), «Мунтахабот»-и Мушфиқӣ (1958), «Мунтахабот»-и Савдо (1958), «Осори мунтахаб”-и Ҳилолӣ (1958), «Ашъори мунтахаб»-и Шоҳин (I960) ва ғайра.

А. Раҳмонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …