Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУНТАХАБ-УЛ-ЛУҒОТ

МУНТАХАБ-УЛ-ЛУҒОТ

ul-lugot«МУНТАХАБ-УЛ-ЛУҒОТ», «М у н т а х а б-у л-л у ғ о т и Шоҳҷаҳонӣ», «Рашидии арабӣ», фарҳанги арабӣ ба форсӣ. Соли 1637 дар Ҳиндустон аз тарафи Абдуррашид ибни Абдулғафури Татавӣ тасниф шудааст. Мунтахаб-ул-луғот аз муқаддима ва 28 боб иборат аст. Калимаҳо аз рӯи ҳарфи аввал — бузургбахш (боб) ва аз рӯи ҳарфи охир — кӯчакбахш (фасл) омадаанд. Ин тартиб ба қавли муаллиф истифодаи фарҳангро осон менамояд. Инчунин аз рӯи ин тартиб «Мунтахаб-ул-луғот» на ба луғатҳои арабӣ, балки ба фардангҳои форсӣ монанд аст. «Мунтахаб-ул-луғот» асосан ба­рои хонандаи оддӣ ва навомӯзи за­бони арабӣ таълиф ёфта, ба он бештар лексикаи серистеъмол дохил гардидааст. Дар таълифи «Мунтахаб-ул-луғот” чи тавре ки дар муқаддимаи он зикр шудааст, луғатҳои машҳур ва ҷомеи арабӣ ва арабӣ ба форсӣ аз қабили «Сиҳоҳ», «Асомӣ», «Масодир», «Суроҳ», «Канз» ва «Муҳаззиб» истифода гардидаанд. «Мунтахаб-ул-луғот» дар таснифи фардангҳои минбаъда ҳамчун сарчашмаи боэътимод мавриди истифода қарор гирифтааст. «Мунтахаб-ул-луғот» нусхаҳои дастнависи зиёде дорад. Соли 1808 дар Калкатта ва сои 1905 дар Теҳрон бо чопи сангӣ нашр шудааст. Дар ҳошияи “Ғиёс-ул-луғот» низ чандин бор ба табъ расидааст.

Адабиёт:       Баевский С. И., Описание персидских и таджикских рукописей Института народов Азии, в. 5. Москва, 1968.

Ҳ. Рауфов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …