Маълумоти охирин

МУНШӢ

munshiМУНШӢ (арабӣ — иншокунанда, нависанда), дабир, котиби дево­ни давлатӣ. Дар Осиёи Миёна ко­тиби шахсии хон ё ҳоким. Ба муншигй шахсони маълумотнок ва хушнавис қабул мешуданд. Муншиён одатан олиму фозил буданд ва бо ҳамин хусусият аз котибони муқаррарӣ фарқ мекарданд. Ба зиммаи Муншӣ навиштани мактубу фармонҳои хо­ну амирон ва китобати аксар асар­ҳои таърихию адабӣ гузошта мешуд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …